Мулоқоти кормандони БДА бо донишҷӯён

Ҷаласаро нахуст мувоини ректор оид ба тарбия профессор Аминҷонова Мавлудахон ифтитоҳ намуда, меҳмононро муаррифӣ кард. Сипас, роҷеъ ба риояи қоидаву ҳаракат дар роҳ суханронӣ намуд. 

Қабл аз мулоқот ду гузориши муфассал аз маркази матбуотии БДА ба ҳозирин ба намоиш гузошта шуд ва баъдан сардори шуъбаи ташвиқот ва тарғиботи шуъбаи БДА-и раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд подполковники милитсия Раҳимзода Карим, сардори шуъбаи БДА-и шуъбаи ВКД дар шаҳри Бӯстон летинанти калрни милитсия Ҳотамов Меҳробшо ва  сардори шуъбаи БДА-и раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Амирзода Ф.М. суханронӣ намуда, роҷеъ ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, истифодаи роҳҳои зеризаминӣ ва дигар ҳолатҳои эҳтиётӣ гуфта гузаштанд.