БИМЕ НАДОРЕМ ЧУН ПЕШВОИ МЕҲРУБОН ДОРЕМ

Дар доираи маъракаи сиёсии байналмилалӣ раҳбарӣ кардани Пешвои миллати малкати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дида аз шавқ ашки шодӣ рехтам. Шукр, Тоҷикистони мо мизбони сарони давлатҳои бузург гардид.

Ёд орем, ибтидои солҳои 90-умро. Барои пойдории истиқлолият ва ҳифзи якпорчагии давлати  ҷавон лозим буд, ки қувваҳои мусаллаҳи миллӣ таъсис дода, тамоми сохторҳои низомиву қудратӣ аз нав барқарор карда шаванд. Гузашта аз ин, мӯътадил гардонидани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, хотима додани муноқишаҳои мусаллаҳона ва қонуншиканиву бедодгариҳо, ба эътидол овардани тартиботи ҷамъиятӣ, бетаъхир таъсис додани артиши миллиро тақозо мекард. Таҳкурсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон моҳи феврали соли 1993 амалан дар  ҷойи холӣ, дар шароити набудани пойгоҳи моддиву техникии зарурӣ ва нарасидани кадрҳои баландих­тисоси фармондеҳӣ гузошта шуд. Бо вуҷуди вазъияти ниҳоят мураккаби иқтисодӣ, роҳбарияти ҷумҳурӣ масъалаи бо техникаи  ҷангӣ, аслиҳа ва ловозимоти зарурии ҳарбӣ таъмин намудани артиши тозабунёди миллиро дар як муддати кӯтоҳ ҳал намуд.

Конститутсия сохтори давлатии Тоҷикистонро ба сифати давлати ягона муайян намудааст. Дар он тартиби нави муносибати байни мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ пешбинӣ шуд. Мустақилияти маҳал таъмин ва роҳбарии марказиятнок амалӣ гардид, зеро ҳокимияте, ки аз нигоҳи маъмурӣ ё сиёсӣ худ  ҷиддан танзим наёфта бошад, ба фаъолият қодир нест. Бо назардошти шароити рӯз масъулияти ҳокимияти маҳаллӣ дар назди марказ пешбинӣ шудааст.Бо мақсади таҳкими ҳокимияти давлатӣ тадбири зерин низ андешида шуд: мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва марказӣ, судҳо, прокуратура, милиса, гумрук ва дигар мақомот аз шахсоне, ки бо қаллобию порахӯрӣ ба обруву эътибори ҳокимият иснод меоварданд, тоза карда шуд.

Фаъолияти вазоратҳои умури дохила, амният, мудофиа ва Прокуратураи генералӣ дар асоси талаботи Конститутсия аз нав сохта, ба ин соҳа кадрҳои баландихтисос сафарбар шуданд, сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар кори муҳофизат намудани тамомияти арзии мамлакат, решакан намудани  ҷинояткорӣ ва хусусан  ҷинояткории муташаккилона бештар фаъолият менамоянд.

Бидуни биму хатар дар мулки худ зистан бешак ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат бастагӣ дорад, ки мо бояд онро қадрёбӣ намоем.

                                                  М.Почоев, омузгори ДКМТ