Ба китобхона боз як адабиёти соҳавии нав ворид шуд

Китоби нави олимони донишкада  Осими Оқил ва Мурод Боев таҳти унвони “Гузаронидан ва мустаҳкамкунии нақбҳои зеризаминии кӯҳӣ” ба табъ расид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот директори китобхона Танжихолова Шаҳноза хабар дод.

Дастури иншогардида, барои донишҷӯёни ихтисосҳои равияи корҳои кӯҳӣ, сохтмони зеризаминӣ ва шахтаҳо метавонад ҳам раҳнамо ва маълумотномаи ҷайбӣ хизмат кунад. Ҳамзамон, тибқи маълумотҳои овардашуда дар ин дастурамал кормандони соҳаи геология ва бахшҳои дигари нақбҳои зеризаминӣ, шахтаҳо метавонанд бемамониат аз ин китоб истифода намоянд.

Ёдовар мешавем, ки адабиёт бо забони модарӣ барои донишандӯзони соҳаҳои мазкур кам ҳаст ва ин дастурамали омоданамудаи омӯзгорони донишкада, метавонад як ҷойгузин барои дӯстдорони соҳа ва забони давлатӣ ба ҷойи адабиёти хориҷӣ бошад.

Дастурамали мазкур дар китобхонаи донишкада дастрас гардидааст ва донишҷӯён метавонанд бе ягон мушкилӣ аз он истифода баранд.

М. Сайидзода