БА ДАРАҶАИ ИФРОТ НАРАСОНЕМ

Гумроҳшавии ҷавонон ва ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шомилшавии онҳо ба вабои аср табдил ёфтаистодааст. Ин мисли беморӣ паҳн шудаистода ҷавононро ба коми марг фурӯ бурда истодааст. Аҳли ҷомеаро мебоист, ки бонги хатар зада сарҷамъона бар зидди ин вабо мубориза баранд.

         Сабабҳои асосии ба ин гуруҳҳо пайвастани шаҳрвандон, хусусан ноболиғон ва ҷавонон паст будани маърифати ҳуқуқӣ, динӣ, ҷой доштани камбудиҳои ҷиддӣ дар кори таълиму тарбия дар оила ва ҷомеа мебошад. Хусусан, беназорат мондани ҷавонон, истифодаи ғайримақсадноки расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ сабабҳои дигаре мебошанд, ки ташкилотҳои террористиву экстремистӣ бо истифода аз онҳо ба паҳн кардани ҳар гуна наворҳои махсус ва сабтҳои таблиғотии шахсони алоҳида ва зархаридони хориҷиро паҳн менамоянд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мақсади бархе аз одамон ва ҳизби асосии ин ҳизби мамнўъ гардидаи ҲНИ бо сарпарастони хориҷиаш пеш аз ҳама гумроҳ кардани ҷомеа, коштани тухми низоъ бо истифода аз номи поки дини Ислом ба шумор меравад.

Онҳо зери ниқоби дини мубини Ислом худро ҳамчун ғамхори халқ нишон медоданд. Баъдан маълум шуд, ки самти фаъолияти ин ҳизб бо сарварии аҳли раёсаташ, ҳаммаслакони хориҷиаш беғараз набуда танҳо ҳимояи як гуруҳи муайянро таъмин менамуд.

Барои ба ин ниятњҳи нопок ноил гардидан роҳу равишҳои навро ҷустуҷў менамуданд. Мақсади асосии ин ҳизб ноором гардонидани вазъи сиёси дар кишвар мебошад.

Албатта, ба ҳамагон маълум аст, ки мақсади ҳар як ҳизби сиёсӣ ин дар доираи ќонунҳои амалкунандаи он кишвар ба даст овардани ҳокимият мебошад. Собиќ Ҳизби наҳзати исломӣ дар ба амал баровардани маќсаду ҳадафҳои худ наќшаи мукаммал ва манфиатовар барои љомеъа пайдо накард ва рӯз ба рӯз обрӯ ва эътибори худро дар ҷомеа аз даст медод. Маҳз баъди ноком шудан дар муборизаҳои сиёсї ва ба боди фано рафтани маблағҳои зиёди пуштибонони хориљии ҳизб, сарварони он дастур гирифтанд, ки имконияти охиринашонро истифода баранд, яъне бо роҳи низомї ҳокимиятро ғасб намоянд. Хушбахтона дар муҳлати кӯтоҳ ҳадафи душман барбод дода, гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорон безарар гардонида шуд.

Мо аҳли зиё бояд мардумро ба якдигарфаҳмӣ, ягонагӣ ва сулњи устувор даъват намоем. Таҳти принсипњои созанда, ки рушди минбаъдаи ҳар як давлатро нишон медиҳанд кору фаъолият барем. Љомеаи имрўзаи мо бо суботи комили сиёсӣ пеш рафта истодааст ва онро тамоми ќишрњои љомеа бояд дастгирӣ намуда, тамоми ҳастии худро барои рушди кишвари азиз сафарбар намоянд.

                                                   Валиева Мастура Набихоновна,

                                                    Донишкадаи куҳӣ-металлургии  Тоҷикистон

Мудири шуъбаи аспирантура ва магистратура