БА ГУЛШАН ПО ГУЗОРАМ, БАДАХШОНРО БА ЁД ОРАМ

Баробари сайри гулшан маро боли хотираҳо ба самти Бадахшон парвоз мекунонад. Ин минтақаи биҳиштосо зеби амлакати мост.

Амоо пайравони кизби ҷинояткорӣ  дар ин сарзамин лангар андохта авзоро нором карданӣ мешаванд. Аммо ғофил аз амалҳои зишти худ ҳастанд.

Ба ёд оред, барномаи  Муҳиддин Кабириро оид ба тайёр намудани 100 лидери ҷавон дар соли 2010. Бо гузашти 8 сол маълум шуд, ки онҳо чӣ лидере будаанд? Ҳодисаи ҳамла ба сайёҳон аз санаи 29 июли соли 2018 дар роҳи Данғара аз ҷониби ҷавонони маргталаб, пиёда шудани ин барномаро нишон дод. Ана ба чӣ қодиранд лидерҳои Кабирӣ аз ТЭТ ҲНИ. Ба ҷуз амалҳои террористӣ боз чи коре мекунанд?

Ман донишҷӯйи соли аввали ихтисоси технологияи  саноати заргарӣ ҳастам. Аз сангҳои қимматбаҳои Бадахшон  ангуштарию гӯшвора, гарданбанду дигар ороишоти армуғонӣ сохта, ба сайёҳони хориҷӣ пешкаш мекунам. Дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар паҳлуи писарон касб меомӯзам. Оё барои духтар аз ин дида боз хушбахтие ҳаст? Вақте ман озод ҳастаму, аз ҳуқуқи конститутсионии худ барои таълим баҳраёб мешавам, боз чӣ лозим аст?

Аз шаҳри мо Бӯстон то Хоруғ хеле роҳ аст. Аммо ҳоло аз сомонаи Интернет ба маҳфилорони анҷуман гуфтаниям: Мо ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол бе наҳзати ислом ҳам месозем Тоҷикистони дунявӣ, Тоҷикистони индустриалӣ!

 

Шаҳзодаи Мақсуд,  

донишҷӯи соли якуми

риштаи технология ва таҷҳизоти  заргарии

Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон