Баҳри миллат бояд сипар буд

Дар охири садаи 20 истиқлолият  ба даст овардани Тоҷикистон агарчи миллати тоҷикро хурсанд карда бошад, аммо душманони миллатро ҳаргиз ором намегузошт. Ҳарчанд ин палидон тоқат накарда бо ҳар баҳонае, миллатро шиканҷа намуданд, аммо бо сарварии Пешвои муаззами миллат пеши роҳи ҳамаи ин даргириҳо гирифта шуд ва сулҳу субот имрӯз дар кишвари мо пойдор аст.

Ҳарчанд, имрӯз ҳам ҳастанд душманони миллат ва мехоҳанд дар шаклу шеваҳои мухталиф дар миёни ҷомеъаи осудаҳоли Тоҷикистон нооромӣ бавуҷуд оваранд ва миллатро дубора саргардон созанд. Душманон бо ҳар баҳонае мехоҳанд, оромишу осудагӣ ва рифоҳи мардумро халадор намоянд ва байни марду иғво андозанд. Ба ҳамин далел, моро зарур меояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, пеши роҳи душманон бигирем ва ҷавононро аз гумроҳи наҷот диҳем, то ба доми палидон афтода, намедонам чи балое ба сари хешу мардум оваранд. Аз ин лиҳоз мо бояд сипари бузург баҳри ҳимояи мардуми азиз бошем.