БАҲОР ОМАДУ ҚАЛАМ БА ТАСВИР КАШИД…

Яке аз санаҳои фархундаи айёми баҳор, 11-уми март таҷлили Иди матбуоти тоҷик мебошад. Ҷиҳати иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд дар доираи таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик санаи 5-уми март дар толори донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон  мулоқот бо собиқадорони матбуоти вилоят баргузор гардид. 

   Нахуст, муовини ректор оид ба тарбияи донишкада М.Сайдуллоева меҳмононро хайра мақдам гуфта ба онҳо сухан доданд. Сипас, хабарнигорони рузномаи вилоятии “Согдийская правда” Хуршеда Содиқова,  “Суғд Ҳақиқати” Бихалича Ахмедова ва “Ҳақиқати Суғд” Шоира Салимова оид ба мақоми матбуот дар ҷомеа ҳарф заданд.

  Бо назардошти саҳми кормандони воситаҳои ахбори вилоят дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, тарғибу ташвиқи ғояҳои истиқлолият ҳамасола дар қаламрави вилояти Суғд тадбирҳои идона ба хотири қадрёбии аҳли қалам баргузор мешавад.

   Омузгорону донишҷуёни  донишкада сари вақт ба матбуоти даврӣ обуна шуда, дар китобхона бойгонии аксари нашрияҳо мавҷуд аст.

   Воқеан ҳам, баҳор барои пайравони фарҳодҳои куҳкан илҳоми тоза меорад ва дар суроғи ширинҳои худ ҷавонон ба илҳом омада зебогиҳои баҳорро ба нуги қалам тасвир мекунанд.

 

                                                      Шуъбаи иттилоотии ДКМТ