Баргузории семинари илмӣ-назариявӣ бо ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз дар донишкада бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ дар соҳаи илму маориф” семинари илмӣ- назариявии факултети электромеханика баргузор гардид. Дар кори семинари имрӯза ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо, декани факултети электромеханика профессор Қозиев Камолуддин, декани факултети металлургия Шамсиддинов Шӯҳратҷон, декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гули ва дигар омӯзгорону кормандон ширкат варзиданд.

Чорабиниро муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои баррасишаванда ва семинари имрӯза изҳори андеша намуд. Дар ҷараёни чорабинии имрӯза омӯзгорон профессори кафедраи фанҳои умумитехникӣ Муҳиддинов Қ.Р. дар мавзӯи “Рушди фанни техникаи гармӣ дар пешрафти илм ва саноат”, омӯзгори калони кафедраи таъминоти барқ Мирхолиқова М.А. дар мавзӯи ” Этикаи фаъолияти касбии муҳандис”, эдвайзери факултети электромеханика Кенҷаев Ш. дар мавзӯи ” Таснифоти мошинҳои нақлиётӣ”, омӯзгори кафедраи математикаи олӣ ва информатика “Барномаҳои компютерӣ барои ихтисосҳои иқтисодӣ” суханронӣ карданд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ баргузории чунин чорабиниву семинарҳоро муҳим арзёбӣ намуда, даъват ба амал овард, ки дар семинарҳои донишкада минбаъд мутахассисон аз донишгоҳу марказҳои пажӯҳиширо даъват намоед, то табодули афкор сурат гирад.