Баргузории чорабинии сиёсӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкада

Имрӯз, дар толори китобхонаи илмӣ – электронии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон чорабинии ботантана бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони ” Президенти мо- ифтихори мо” бо ташаббуси кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи факултети электромеханика баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону кормандон ва донишҷўён ширкат намуданд.
Чорабиниро декани факултети электромеханика профессор Қозиев Камолуддин ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба ҷойгоҳ ва мақоми Президент дар давлатдории навини тоҷикон, талошу кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои наҷоти давлати навини тоҷикон ва эҳёи дубораи давлатдорӣ сухан ронда, хидматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро басо бузург ва тақдирсоз унвон кард.

Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба тарбия профессор Аминҷонова Мавлудахон дар бораи хидматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳимияти Рӯзи Президент суханронӣ намуд. Баъдан, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон мудири шуъбаи идеология ва робита бо ҷомеаи МИҲД-и шаҳри Бӯстон Шаҳноза Каримӣ табрикоти раиси шаҳри Бӯстон муҳтарам Нигорахон Ғаффорзодаро ба самъи ҳозирин расонида, ҳамагонро ба Рӯзи Президент табрику таҳният гуфт.

Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур муовини декани факултети электромеханика оид ба тарбия Анвар Саидов дар мавзӯи “Пешвои мо- ифтихори мо” маъруза намуда, ҳозиринро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.
Сипас, дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби донишҷўён барномаи фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуд. Пас аз анҷоми чорабинии мазкур аз ҷониби донишҷўёни ин факултет дар саҳни донишкада аксия таҳти унвони ” Пешвои миллат – кафили сулҳу субот” гузаронида шуд.