Баргузории аксия аз ҷониби омӯзгорони донишкада бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз, дар саҳни донишкада аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯён бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аксия гузаронида шуд, ки дар ин бора муовини аввали ректори донишкада профессор Насриддинов Замониддин ба ҷомеа чунин иттилоъ дод:

Ҳайати омӯзгорӣ ва донишҷӯии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон қадами мубораки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар арафаи рӯзи Президент ба вилояти Суғд хайрамақдам мегӯянд.

Ба муносибати рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Ҷаноби Олиро аз сидқи дил таҳният намуда, барояшон саломатию умри дарози пурбаракат орзу мекунем.
Рӯзи Президент муборак бошад!