Баргузории семинар оид ба Паёми Пешвои миллат дар факултети корҳои кӯҳӣ

Имрӯз дар толори видеоконфронсзали донишкада семинари илмӣ-амалӣ бахшида ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону кормандон фаъолона ширкат варзиданд.
Чорабиниро нахуст муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нақш ва мақоми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафи чорабинии имрӯза суханронӣ кард.

Сипас омӯзгори кафедраи геология ва корҳои нафту газ Отаев Анвар дар мавзӯи “Конҳои тиллои Тоҷикистон ва сохтори геологии онҳо”, ассистенти кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ Бойматов Довар дар мавзӯи “Омӯзиши барномаи Micromine ва истифодаи он дар раванди корҳои кӯҳӣ”, ассистенти кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок Кенҷаев У. дар мавзӯи “Тавсифи минералҳои арзишноки конҳои пароканда ва истифодабарии онҳо дар саноат” суханронӣ карда, масъалаҳои хеле баҳснокро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси факултети корҳои кӯҳӣ гузаронида шуд.