Мулоқоти ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо хатмкунандагони макотиби миёнаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода мулоқоти роҳбарияти муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунандагони шаҳру навоҳӣ оғоз гардид ва тибқи ин ҷадвал санаи 10.02.2024с. ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо хатмкунандагони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқот намуд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ нахуст дар бораи имкониятҳо, ихтисосҳои мавҷуда дар донишкада, хобгоҳҳо, ҳамкориҳо бо корхонаҳои саноатӣ, равобити байналмилалӣ ва тахмин намудани хатмкунандагони донишкада бо ҷойҳои корӣ дар корхонаҳои саноатӣ сухан ронда, аз хатмкунандагони макотиби миёна даъват ба амал овард, ки ихтисосҳои донишкадаро интихобот намоянд.