Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ баҳри рушди тафаккури техникии ҷавонон супориш дод

Имрӯз ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар утоқи кории муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Умарҷонов Абдусафо бо ширкати омӯзгорону кормандон ҷаласа баргузор намуда, роҷеъ ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, иҷрои барномаҳои таълимӣ, тарбия намудани мутахассисони варзидаи соҳаи саноат, таълиму тарбияи дуруст, бедор намудани тафаккури техникӣ дар ниҳоди донишҷӯён, иҷрои бандҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ дар соҳаи илму маориф” сухан ронда ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи мазкур ҷиҳати амалӣ намудани таҷрибаи пешқадами омӯзгорони фаъол ва истифода аз равишҳои пешрафтаи таълим баргузор карда шуд.