Баргузории Рӯзи Мавлоно дар донишкада

Имрӯз, дар толори китобхонаи донишкада бахшида ба бузургдошти Рӯзи Мавлоно чорабинии бошукуҳ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда, муовини декани факултети металлургия оид ба илм Усмонов Шермат, мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Тоҷибоева Манзура, омӯзгори ҳамин кафедра Нурматова Мақсуда, директори китобхона Узбекова Баҳринисо ширкат ва суханронӣ намуданд.

Дар чорабинии мазкур донишҷӯён аз осори Мавлоно пораҳои назмӣ қироат намуда, ҳамчунин чанд саҳнаву маҳфилҳои хурд ва ҳолатҳои тарбиявӣ пешниҳод намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар кишвар санаи 30-уми сентябр Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо шуку шаҳомати хос таҷлил карда мешавад.