Баргузории конференсия ва маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 27-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Мутобиқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон санаи 10 декабри соли 2021 дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки Сатторзода Хуршед муовини Раиси шаҳри Бўстон, Мансурӣ Замира – муовини Раиси Ҳизби Халқии Декмократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, Ҷалолзода Миршакар раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, аъзоёни фаъоли ҳизб, собиқадорони ҳизбию давлатӣ, расони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзоёни намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Бӯстон ва дигар намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа конференсия ва маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар кори конфронс Мансурӣ Замира –
муовини Раиси Ҳизби Халқии Декмократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Сатторзода Хуршед муовини Раиси шаҳри Бўстон, Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, Ҷалолзода Миршакар раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзофои фаъоли ҳизб Раҳимов Ҷумахон ва Саидов Муҳаммад суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, Барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Декмократии Тоҷикистон, баланд бардоштани мақоми он дар ҷомеа, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, тақвияти ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ ва нишондиҳандаи назарраси меҳнатӣ, бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон қадршиносӣ гардида, ба аъзоёни нав шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.