АҚИДАҲОИ ИФРОТӢ ВА ИФРОТГАРОЁН НОБАХШИДАНИСТ

Имрӯзҳо дар фазои сиёсии кишварҳои гуногун муборизаи иттилоотӣ хело васеъ паҳн гардида, ба ин восита паҳн гардидани ҳар гуна изҳоротҳо, гузоришот ва навиштаҳо нисбати ин ё он воқеа ва ҳодисаҳо, ки хусусияти ҳақиқат ва ё гумроҳкунии хонандагонро дорад ба назар мерасад.

Яке аз чунин гузоришот, ки дар шабакаҳои интернетӣ паҳн гардидаанд ва ба Ҷумҳурии озоду соҳибистиқлоли Тоҷикистон алоқаманд аст, ин ба ақидаи баъзе афроди ноогоҳ аз ҳақиқати ҳол, боздошти “ғайриқонунии” зиёда аз 100 нафар шаҳрвандон аз тарафи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар гумони узвият ба созмони “Ихвон-ул-муслимин” ва ташвиқу тарғиби ақидаву ғояҳои он, ки ташкилоти экстремистию террористӣ эълон шудааст, мебошад.

Бояд қайд намуд, ки ягон боздошти шаҳрвандон аз тарафи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар ҷои холӣ ва беасос дар Тоҷикистон ба амал намеояд. Онҳо албатта асосҳои воқеии худро доранд. Албатта ман боварӣ дорам, ки мақомотҳои қудратӣ дар ибтидо корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳиро амалӣ менамоянд, то ки шаҳрвандон худро аз ин гуна ташкилотҳо канорагирӣ намоянд ва онро маҳкум намоянд.

Дар баробари ин аҳли фаъоли зиёиёни Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва маҳкумкуниро дар байни аҳолӣ амалӣ менамоянд.

Вақте ки чунин ашхосҳо аз меъёрҳои муқаррар намудаи қонунгузорӣ берун мебароянд, онҳо ба ҷавобгарӣ дар назди қонун кашида мешаванд. Яке аз чунин шахсиятҳо Далер Шарифов мебошад.

Баъди хондани навиштаҷотҳои Вайсиддин Одинаев ва Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки ба ҳимояи Далер Шарипов баромадаанд ва дар баёнияашон бо “ғайриқонунӣ” хондани боздошти Далер Шарипов, рӯзноманигори тоҷик, хостгори “озодии фаврӣ ва бе чунучарои” ин рӯзноманигор шудаанд ба сарчашмаҳо оид ба фаъолияти созмони “Ихвон-ул-муслимин” дар умум ва аз ҷумла паҳн гардидани ғояҳои он дар Тоҷикистон назар андохтам.

Маълум гардид, ки ғояҳои созмони “Ихвон-ул-муслимин” аз тарафи аъзоёни Ҳизби наҳзати ислом ҳанӯз дар охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-ум дар Тоҷикистон паҳн гардида, ғояҳои фундаментализми ин созмон асоси ҳуҷҷатҳои барномавии  Ҳизби наҳзати исломро ташкил медодаанд. 

Имрӯзҳо бисёр пайравони Ҳизби террористию экстремистии наҳзати ислом дар алоқа бо дигар созмонҳои алалхусус динии ифротгароӣ аз хориҷи кишвар истода ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистон баҳогузорӣ менамоянд ва зери танқиду маломат мегиранд ва боз мақсад доранд, ки ғояҳои ифротиро дар байни мардум паҳн намоянд.

Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки оқибатҳои ҷанги бародаркушро, ки яке аз саркардагонаш аъзоёни Ҳизби террористию экстремистии наҳзати ислом буданд, паси сар намуда, имрӯзҳо рӯ ба тараққиёт, бунёдкорӣ ва созандагӣ ниҳодааст. Аммо баъзе аз афроди беватан ва бехонумони ифротгаро аз дур истода, барои мақсадҳои ғаразноку манфиатборашон мехоҳанд ҷомеаро ноором, мардумро гумроҳ намоянд. Аммо аксарияти мардуми шарифи Тоҷикистон онҳоро маҳкум намуда, ба доми фиреби онҳо намеафтад. Тири ин гуна афрод хок мехӯрад.

 

Абдуллоев И.,

дотсенти кафедраи

фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоии ДКМТ