АЪЗОЁНИ ТТЭ ҲНИ ҲАТМАН ПУШАЙМОН ХОҲАНД ШУД!

Чаро имрӯз ҷаҳон аз фалсафаи инсонӣ дур мондааст?

 Оё ҳамон мақсади асли вуҷуд муҳаббату ваҳдат нест?

Оё ҳадафи башар, меҳр офаридан нест?

Чаро имрӯз тӯдае аз гумроҳгаштагон, авбошон, аз номи дин мегӯянду ҷомеаро бо фалсафаи ифротии худ мехоҳанд, ифротӣ созанд?

Оё мақсади дин ҳам қатлу куштор ва рехтани хуни инсони бегуноҳ  аст?

ТТЭ ҲНИ шояд номи ноошно набошад, аз оғози фаъолияти худ  даст ба куштору хунрезӣ зад ва то ба ҳол ин фаъолияти зиддиинсонияшро идома медиҳад, ки шояд  дигар фурсат расидааст, ҷилави аспи онҳоро дошт?!

Зеро ҷанги ташкилнамудани наҳзатиён зиёда аз 160 000 қурбонӣ ба ҷо гузошт ва ин ҳама шаҳидон аз шахсиятҳои номӣ то ба шаҳрвандони  муқимӣ буданд. Шояд онҳо низ орзуе доштанд, шояд онҳо низ диндор буданд ва умеде ба фардо доштанд, аммо аз дасти наҳзатиён аз дасти тири душманонаашон ба қатл расонида шуданд. Онҳо бегуноҳ буданд, аммо ҳадафи тире қарор гирифтаанд, ки оташкушояндааш зери номи аъзои ТТЭ ҲНИ, яъне ҳизби исломӣ  мегашт. Аъзои наҳзат, дар солҳои 90-ум тир мекушод, оташ мекушод, мепарронд, аммо дар охир аз дин мегуфт. Вале заррае дар дил на раҳм буду на дар сар фаҳми дину ахлоқ!

Аз ин рӯ, мешавад бе ягон дудилагӣ дар муроҷиат ба аъзоёни ТТЭ ҲНИ гуфт: ҳайфи он саре, ки саропо аз ғояҳои душманонаву ғояҳои ифротиву ифлос аст. Ҳайфи он саре, ки барои кадом андешаи пуч ва касифи душманонаву сӯзандаи охундӣ  хидмат мекунад. Ҳайфи он умре, ки сарфи фармонбардории хоҷагони хориҷӣ шудаасту бар алайҳи Ватану миллат мубориза кардааст. Ҳайфи шири он модаре, ки бар наҳзатиён додааст. Ҳайф бар он ҳама лаҳзаҳои ҳаёт, ки сарфи  

Шояд, аъзоёни ТТЭ ҲНИ фаромӯш кардаанд, ки онҳо дигар номи инсониро ҳам надоранд ва сад маротиба зиёдтар ҳам ҳайф аст, ки то бар имрӯз аъзоёни ТТЭ ҲНИ маънои ҳаётро намефаҳманд.  Наход ҳаёт ҳамин бошад?

Аъзоёни ТТЭ ҲНИ имрӯз аллакай ҷаҳон фаҳмид, ки шумо як тӯдае авбошону ноқисунақлҳое мебошед, ки барои як пора устахон думболи созмонҳои охундӣ мегардед ва бар Ватани худ, ҳамватани худ хиёнат мекунед, ки ин бузургтарин гуноҳ аст ва ҳаргиз бахшида намешавад!

Аъзоёни ТТЭ ҲНИ бояд донанд, ки имрӯз ҷомеаро фиреб медиҳанд, аммо рӯзе мерасад, ки худ фиреб мехуранд ва худ аз ин амалҳои нодурусту ғайриинсонии хеш пушаймон хоҳанд шуд.

Насли ҷавон бояд ба суханони нодурусту носаҳеҳ наҳзатиён дода нашвад, чунки ҳамаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ хуни ноҳақ рехтаанд ва бузургтарин ҷиноятро содир кардаанд, ки ин оқибати хуб надорад.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ