АШХОСИ ТАСОДУФӢ ДАР САФИ МУХОЛИФИН БИСЁР АСТ

Мушоҳидаи мутолиаи маводҳо дар шабакаи иҷтимоӣ гувоҳи медиҳад, ки дар сафи мухолифин хоса пайравони наҳзати ислом ашхоси тасодуфӣ кам нест. Онҳо ҳануз дониши комили сиёсӣ надошта аз худ сиёсатмадор метарошанд ва дар тақлид ба издиҳом даъватҳои бемантиқ ба амал меоранд. Маҳз чунин ҷавонони фиребхӯрда дар ҳавою ҳавас даст ба ҳар амали номатлуб мезананд.

     Ғофил аз мафҳуми муборизаи сиёсӣ, дар банди хурофоту таассуб монда аз моҳияти аслии дини мубини ислом низ дарак надоранд. Чунин тоифа даст ба дашному ҳақорат мебаранд. Хӯи авбошӣ доранд ва қалби моломоли нафрат ба ободкориҳои мамлакат доранд.

Пеш аз ба даст гирифтани хома бояд андар тарозуи ақл андеша намуд, ки “пистаи бемағз чу лаб во кунад кор расво шавад”. Одоби баҳси сиёсиро риоя намудан аз сатҳи тарбия вобаста мебошад.

Ҳамин мавзуро ҳангоми дарсҳои тарбиявӣ ба шогирдон талқин менамоем.

Абдусафо Умарҷонов,

декани факултети металлургияи ДКМТ