АСРОРИ ХИЁНАТКОРОНАИ НАҲЗАТИЁН ДАР ФИЛМИ “ХИЁНАТ” ИФШО ШУД

Агар бигӯем, ки дар дунё касе нест, ки гуноҳ надошта бошад, шояд хатои маҳз ҳам шавад. Аммо агар бигӯем, ки кам касе иштибоҳ мекунад, шояд ин ҳам андак зудгуфторӣ бошад, вале он ки имрӯз афроде пайдо мешаванд, ки даст ба хиёнат мезананд, дигар ҷойи шакку шубҳаи нагуфтан намемонад. Зеро ҳеҷ касро бедалел ва арқоми зарурӣ намешавад ҳукм баровард ва аз ин ҷост, ки имрӯзҳо наҳзатиёнро қисмате аз хиёнаткорон ва террористони байналхалқӣ медонанд, ки инро аллакай созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои марбут ба соҳа эътироф кардаанду дар рӯйхати хеш қарор додаанд.

Ҳанӯз ҳам ҳастанд наҳзатиёне, ки имрӯзҳо ин масъаларо ба бозӣ гирифтани мешавнаду мехоҳанд мардумро ба гумроҳӣ баранд ва ин аст, ки ҳоло дар хориҷ аз кишвар барои гумроҳсозии ҷомеа талош меварзанду пайваста ба нашри маводи бардурӯғ ва иғвобарангез машғуланд.

Ин тарафи ҷиноят ва хиёнаткории аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ро ҳамагон хуб медонанд, аммо дар филми хиёнат паҳлӯҳои барои ҷомеаи тоҷик пинҳони рӯзгор ва фаъолияти сарвари наҳзатиёни палид Кабирии террорист ва дигар аъзоёни ин ташкилоти террористӣ бозгӯ шуданд, ки бинанда аксарияти далелҳо ва ҳақиқати ҳолро бори аввал мебинад. Ҷойи дигари бисёр ҳам мавриди диққат он аст, ки ҳарчанд робитаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо созмонҳои террористӣ исбот шудааст ва ҳамзамон ватанфурӯшу хоин будани Кабирии террорист ҳам фош гардидааст, аммо ҳанӯз ҳам наҳзатиён ниқоб дар рӯйи худ кашидаанду бозӣ доранд, ин ҳа мдар ҳоле, ки ниқоби наҳзатиён ин дафъа ба пуррагӣ шикаст.

Хиёнаткор ва хоин на аслу насаб дорад ва на муҳаббату самимят бар инсонӣ ва ин аст, ки наҳзатиёнро ҳар қадар имконият фароҳам омад, ҳамон қадар хиёнаткортар шуданду дигар ҳеҷ. Пас метавон хулоса намуд, ки ҷоҳпарвару пастфитрат ҳаргиз наравад роҳи одамӣ, агар соддаву равон аст ин роҳ.

Аз ҳамин ҷост, ки имрӯзҳо наҳзатиён ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ва шод сохтани хоҷагони хориҷияшон кӯшиш мекунанду мисли рӯбоҳ фиребкорӣ намуд. Аммо он чизе, ки дар филмнома ба намоиш гузошта шуд, чӣ будани наҳзатиёнро дар пушти парда ошкор намуд. Кӣ будани хоҷагони хориҷияшонро ошкор гардонид, ки ин бисёр ҳам зарурӣ барои шинохти душман мебошад.

Ҳатто тавре, ки шоҳидон қисса менамоянд, Кабирии террорист ва дигар наҳзатиёни манфур асло ҳақиқати ҳолро ба мардум нагуфтаанду пайваста молу сарват ҷамъ намуда дар пайи фиреби ҷомеа гардидаанд, ки ин як хиёнати маҳз мебошад. Ватанфӯшиву ҷосусӣ бар давлатҳои бегона аз амалҳои дигари ин хоинони наҳзатӣ мебошад, ки бори аввал бо арқому далелҳои раднавшаванда гуфта шуданд, ки фикр мекунам, ин филмнома як ҳуҷҷати бузурги таърихӣ мебошад.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ