Ҷаласаи кории муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда

Имрӯз, дар бинои видеоконфронсзал ҷаласаи кории муовини ректор оид ба тарбия профессор Аминҷонова Мавлуда баргузор гардид. 

Дар кори ҷаласаи мазкур масоили омодагӣ ба таҷлили “Рӯзи модарон” ва ҷашни бузурги миллати тоҷик Наврӯзи байналмиллалӣ баррасӣ карда шуд. 

Ҳамчунин, дар рафти ҷаласа профессор Аминҷонова Мавлуда ба масъулини бахшҳои тарбия ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи тартиботи ҷамъиятӣ дастуру супоришҳо дод.