АЗ «МЕҲРУБОНИҲОИ” “МУКОЛАМА” МО ВОКИФЕМ

​      

Барои мо боиси ифтихор аст ,ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо тахти сарварии Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалй Раҳмон самти асосии фаъолиятро на танҳо баҳри сулҳу осоиштагии кишвар, балки оромии ҷаҳон равона кардааст. Ҷаҳониён аз сиёсати ваҳдатгароёнаи хориҷии Пешвои миллати тоҷикон воқифанд. Далели ин гуфтаҳо баромади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минбари созмону ташкилотҳои байналмилалй мебошад. Нооромии кишварҳои ҷаҳон кули тоҷику тоҷикистониёнро, ки башардӯсту сулҳпарваранд орому бетараф намегузорад. Зеро яке аз хусусиятҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқарраротимоддаи якуми Конститутсия давлати дунявӣ эътироф ва муайян карда шудааст. Бинобар ин тибқи қонунҳои давлат, бояд ҷинояткор ба гуноҳҳои худ ҷавоб гӯяд. Албатта ин ба он хотир, ки амнияти мардум ҳамеша таъмин бошад.

 

Вале мутассифона инро “ҷаноби Кабирӣ” тактикаи давлатдории Ҳукумати кишвар медонад. Албатта шумо дуруст қайд намудед, ки мардум дигар низоъро намехоҳад, хоҳ монанд ба Либия бошаду хоҳ ба Судон. Зеро яқин медонад, ки дар паси ин ҷангу низоъи мансабталошиҳои шумобарин опозитсионҳо танҳо қатлу куштори бегуноҳон асту халос. Роҳи демократӣ ва дунявиро пеш гирифтани Тоҷикистон тасодуфӣ нест, зеро ки ҳодисаҳои нангине дар кишвар солҳои 1990-1992 ба вуқўъ омада буд, аз он шаҳодат медиҳад, ки ин хусуссият яъне дунявият ба Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамчун омили ҳимояи соҳибихтиёрии давлат ва таҳкурсии бунёди давлати миллии тоҷикон баҳисоб меравад ва тақозои замон буд. Вагарна аз дасти мазҳабпарастону ифротиён миллат тамоман тороҷқ яғмо мешуд. Инро хуб дарк карда бошед, ки ягон иттиҳомоти мақомот нисбат ба наҳзатиҳо ва шумо роҳбари “сухандон” бардурӯғ нест. Тавре гуфтед, ки ҳар рӯз як хабари нави мусодараю зиндон, инро дарк созед, ки аллакай ба шумо низ оддати канораҷӯи аз гуноҳҳову иғвоангези миёни мардум ба ҳукми анъана даромадааст. Вагарна бидуни ягон асос имкон надорад, ки касеро зиндони намоянд. Вақте, ки ин қадар ”мусичаи бегуноҳ” пас чаро худро дар кадом як кунҷи хонаи хоҷагонатон пинҳон кардаед. Бобати муколамаи худ бо мақомот ба дараҷае худро меҳрубону босамимят нишон дода истодаед, ки дар ҳақиқат дили кас ба шумо “месӯзад”, зеро наҳзатиҳо бениҳоят нисбат ба ватан дар ҳамон ҳодисаҳои асри гузашта, “меҳрубониҳои зиёде” нишон дода буданд. Ҳамон ҳодисаҳо ҳамааш натиҷаи муколама барои Созишнома бо шумо буд. Дидем, ки ба чи ҳолате расидем. Ҳоло бошад ба он суханони муҳоботиатон нисбат ба сарвраи давлат хотима бахшед. Зеро саховатмандии ӯ ҳақиқӣ аст. Ба он хотир, ки дасти сахоро аввал ба камбизоатон бояд боз кард. Муҳим он нест, ки бойу бадавлатон инро чи гуна қабул доранд, муҳим он, ки дармондагон низ ба ҳама чиз дастраси дошта бошанд.

Баъди ин мо зиракии сиёсиро аз даст намедиҳем .

Маҳмудова С.  омузгори ДКМТ