АЗ КАДОМ ҲИСОБ НАҲЗАТИЁН ДАР АВРУПО ИН ҚАДАР ЗИНДАГИИ ХУБ ДОРАНД?

Оре, суолест ба маврид ва хеле нигарокунанда, агар ба суханони худи наҳзатиён ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ бингарем, бештар чунин хулоса мешавад, ки онҳо бечораву хору зоранд, аммо он чӣ аз мушоҳида хулоса мешавад, тасвири дигареро ба намоиш мегузорад, ки инсонро ба ҳайрат меовард.

Охир чӣ тавр наҳзатиён дар як кишвари бегона, дар як муддати кӯтоҳ соҳиби хонаву дар ва имкониятҳо шудаанд?

Бале, вақте сухан аз имрӯзиён мераваду мо дарк менамоем, ки чӣ тавр тамоми наҳзатиён ба хотири пулу мол шуда даст ба хиёнат задаанд, кам касонро ба ҳайрат меовард, аммо вақте далелҳо дар ин бора нашр шуданду миллионҳои омада аз як икшвари бегона ба суратҳисоби М. Кабирӣ дигар ҷомеаро ором нагузошт ва барои саркушои муаамо мусоидат намуд.

Чунки то ба ҳол наҳзатиён ин асрори ниҳонашон, яъне хизматгорӣ хоҷа буданашонро пинҳон дошта, бештар вонамуд менамуданд,  ки гӯё аз номи худ баромад мекунанд, лек дертар ошкор гардид, ки ин ҳама амалҳоро, хиёнатҳоро, дасисабозиву иғвобарангезиро наҳзатиён ба хотири ба даст овардани маблағ анҷом медодаанду бар ивази ҳар як мавод ва ҳар як матлаби ифротӣ маблағи ҳангуфте ба даст меовардаанд.

Инчунин робитаи зичи М. Кабирӣ ва ТТЭ ҲНИ-ро бо созмонҳову ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ имрӯз ҳамагон хуб медонанд ва ҳамчунин фиристодани аъзоёни ҷавони ТТЭ ҲНИ-ро ба сафи созмони террористии “Давлати исломӣ” ба Сурия касе то ҳол фаромӯш накардааст, ки Кабирӣ бар ивазаш маблағҳои ҳангуфте ба даст меоварад ва ин албатта як баҳси доғ мебошад.

Ноодамиву ифротгароии наҳзатиён кайҳо боз маълум гардидааст ва ҳамагон хуб медонанд, ки ҳар як наҳзатӣ замоне бар сари шаҳрванди бегуноҳи кишвар тир кушодаву бегуноҳу осудаҳолеро ба қатл расонидааст. Ва ҳоло, ки дар Авупо зиндагӣ мекунанд, он ҳам ба хотири хиёнат бар миллати тоҷик мебошаду бар ивази ҳар як хиёнату дасисабозӣ наҳзатиён аз хоҷагони хориҷияшон маблағ ба даст меоваранд.

Пас ин ҷо маълум мешавад, ки дигар наҳзатиён аз куҷо маблағ ба даст меоранду чаро шабу рӯз дар фикри хиёнат бар кишвари мо ҳастанд. Яъне, дигар бар ивази пул ҳоло наҳзатиён ба як манқурту муздур табдил ёфтаанд, ки омодаанд ҳар чӣ бигӯяд хоҷаи хориҷияшон анҷом диҳанду маблағ ба даст оваранд, ки ин бисёр ҳам хатарнок аст.

Яъне он ҳама пулу моли наҳзатиён аз ҳисоби хоиниву хиёнаткорӣ ба даст омадааст ва ин як разолату ифротияти наҳзатиёнро боз ҳам хубтар бармало сохт.

Некварз Маҳмудзода

омӯзгори ДКМТ