АЗИЗ АСТ МЕҲМОН…

Ба кишвари мо ба хотири боздид аз куҳсори зебо сайёҳони зиёде меҳмонӣ меоянд.  «Амнияти сайёҳони хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон пурра таъмин аст ва онҳо метавонанд аз ҳар гӯшаи табиати зебову дилрабои Тоҷикистони азиз дидан кунанд». Ин нуктаро  Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода зимни суҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Хуршеди ҲАМДАМ баён намудааст. .

Дар асно ин суҳбат Нуъмон Абдуғаффорзода иброз дошт, ки «ҳодисае, ки  29 июли соли равон ба амал омад, яъне ҳамлаи ноҷавонмардона ба чанд тан аз сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара ба рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон халали ҷиддӣ ворид накард. Сайёҳон хуб дарк мекунанд, ки барои ҷинояткорон марзу бум, миллату мазҳаб ва дигар арзишҳо қадру қиммат надоранд. Онҳо дар кадом гӯшаи дунё, ки набошанд, ба хотири ғаразҳои нопокашон аз ягон разилӣ рӯ намегардонанд. Имрӯз ягон сайёҳ сафарашро ба Тоҷикистон қатъ накарадааст. Сафари сайёҳон тибқи нақша ҷараён дорад. Ҳама ширкатҳои шарики ватанӣ, ки дар хориҷи кишвар фаъолият доранд, иброз доштанд, ки ҳодисаи мазкур ба барномаҳои онҳо дар заминаи сафар ба Тоҷикистон халале ворид накардааст».  Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки вобаста ба ҳодисаи охир аз ҷониби гурӯҳи салоҳиятноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки бо дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст, дар кӯтоҳтарин муҳлат ин ҷиноят пурра ошкору ҷинояткорон дастгир ва қисман нобуд карда шуданд. Бояд зикр кард, ки аз ҷониби ВКД ҶТ шуъбачаи нави сайёҳӣ таъсис дода шуд ва мулоқоти раҳбарияти ин шуъбача бо раҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ташкил гардид. Ҳамкорӣ ва робитаи мустақим миёни ин шуъбача ва ширкатҳои сайёҳӣ ба роҳ монда шуд, ки  минбаъд кормандони он дар хизмати сайёҳон хоҳанд буд. Ҳар дархосте, ки аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ мешавад, ҳаллу фасл мегардад. Ин боз ҳам эътимоди сайёҳонро зиёдтар кард, минбаъд ҳар як муроҷиат ба таври фаврӣ пайгирӣ ва ҳаллу фасл карда мешавад. Ҳатто худи сайёҳон иброз намуданд, ки ҳодисаи охир барои сафари онҳо ба Тоҷикистон монеа намешавад.

Бояд гуфт, ки 1 август бори нахуст «Барномаи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои то соли 2030» қабул гардид ва ин санади муҳим ба рушди сайёҳӣ дар мамлакат мусоидат хоҳад кард. Стратагияи мазкур  вазъи кунунии соҳаи мазкур ва имкониятҳои рушди сайёҳиро дар минтақаҳои ҷумҳурӣ дарбар мегирад ва низоми мониторингии он муқаррар шудааст.

Стратегия тавассути се давраи миёнамуҳлат, ки ҳар яки он чор солро дарбар мегирад, амалӣ карда шуда, яке аз қисматҳои он ба ҳимояи ҳуқуқи сайёҳон ва таъмини амнияти онҳо дар ҷумҳурӣ равона гардидааст.

«Сафари сайёҳон ба ҷумҳурӣ дар ҳоли афзоиш аст. Дар шаш моҳи аввали соли равон, дар маҷмӯъ, 950 ҳазор хориҷиён ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ки  ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 маротиба зиёд аст. Дар ин давра ҷуғрофияи ташрифи сайёҳон васеъ гардида, аз 135 мамлакати дунё ба Тоҷикистон сайёҳон ташриф оварданд. Дар ин давра 53 ширкати нави сайёҳӣ таъсис дода шуд ва онҳо ба бозори сайёҳии ҷумҳурӣ ворид шуданд. Беҳбуди вазъи сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки рӯзҳои 10-11 август дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.. Пас аз анҷоми ҷаласа меҳмонон аз маконҳои тамошобоби Тоҷикистон дидан карданд», — зикр намуд Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абуғаффорзода.

Эҳтироми меҳмон дар суннати мо мардуми тоӌик аст ва ин аст, ки дар аксари ҳавлиҳо меҳмонхона вуӌуд дорад. Сари як пиёла чой, аз ҳоли мусофир воқиф  шуда то ба қадри имкон дасти кӯмак дароз мекунанд. Азиз доштани меҳмонро мо набояд ба гӯшаи фаромӯшӣ супорем.

Тирамоҳи зарнисори Тоӌикистон ҳам диданӣ аст ва дар ин мавсим теъдоди меҳмонон коҳиш намеёбад. Барои таъмини амнияти сайёҳони хориӌӣ ва азиз доштани одоби меҳмондорӣ ҳар яки мо вазифадорем, зеро ин омили пойдории Истиқлолияти кишвар аст.

 

Зайниддин Орифӣ,

Мудири шӯъбаи иттилооти ДКМТ

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

16 − ҳашт =