Кафедраи фанҳои умумитехникӣ

Мудири кафедра: Сидиқов Неъматҷон

Таҳсил: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон факултети механика-математикӣ (1973 – 1978), аспирантураи Институти марказии иқтисодӣ-математикӣ, Москва (ФР) (1985– 1988)

Унвони илмӣ: номзади илмҳои иқтисодӣ

Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ, узбекӣ – озод, англисӣ – бо луғат

Телефон: +992-93-406-66-25

Email: sidikov.56@mail.ru

Суроғаи корӣ: Бинои асосӣ, утоқи № 301

 

 

 

 

 

Таърихи таъсисёбии кафедра

Кафедраи фанҳои умумитехникӣ тибқи қарори Шӯрои олимони донишкада № 13 аз 29.08.2013 таъсис дода шуда, фаъолияти худро дар асоси Низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олӣ, касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

Кафедра дар асоси фармони Ректори донишкада ба факултети Электромеханика вобаста шудааст.

Дар ДКМТ бо номҳои гуногун аз рӯзи таъсисёбии донишкада фаъолият дошт ва дар он устодони пуртаҷриба ба монанди н.и.т., дотсент Собиров А.С., н.и.п. Рахматов Р., н.и.т., дотсент Чалолов А., н.и.т., н.и.п. Ниёзов А., н.и.т. Бадалов М., н.и.т, дотсент Мирзомидинов И., сармуаллимон Вохидов А., Мавлонов А., ва дигарон фаъолияти пурсамари илмӣ- педагогӣ доштанд. Сарварии кафедраро устод Ҷалолов А. дар зимма доштанд.

1 сентябри соли 2009 кафедра ба ду тақсим шуд ва фанҳои умумитехникӣ ба феҳрасти кафедраи Механика дохил шуданд. Мудири кафедра Ваҳобов М. таъин карда шуданд. Кафедра бо омӯзгорони дигар – н.и.т. дотсент Ганиев И., сармуаллимон Маҳмудова С., Ҳомидова Р., Усмонов Ш., Абдуллозода Х., Азизов К., Бобоев Р. пурра карда шуд.

Аз 1 сентябри соли 2013 кафедра боз номи кафедраи фанҳои умумитехникиро гирифт ва Муҳидинов К., мудири кафедра таъин карда шуданд.

Холо дар кафедра як доктори илмҳои техникӣ – Баҳодуров Ш., ду номзади илмҳо – Сидиқов Н. ва Муҳидинов К., сармуаллимон – Маҳмудова С., Ҷумъаев А., Ҳомидова Р., дониш ва малакаи худро ба донишҷӯён меомӯзанд.

 

Самтҳои асосии фаъолияти кафедра

  • пешбурди корҳои таълимӣ, таълимӣ-ташкилӣ ва таълимӣ-методӣ;
  • пешбурди корҳои илми-тадқиқотӣ ва илмӣ-методӣ;
  • фаъолият дар самти корҳои тарбиявӣ, ташкилӣ ва оммавию сиёсӣ.

Вазифаи асосии кафедра: ба донишҷӯёни Донишкада омӯзонидани донишҳои маълумотҳои базавии техникӣ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи инсондустӣ, меҳнатдӯстӣ, ватандустию ватанпарастӣ ва қадрдонӣ кардани дигар аққалиятҳои миллии миллати кӯҳанбунёди тоҷикон мебошад.

Дар кафедра фанҳои масолеҳшиносӣ, механикаи назариявӣ, графикаи муҳандисӣ, муқовимати масолеҳҳо, ҷузъиёти мошинҳо, гидравлика, техникаи гармӣ, асосҳои ҳисоби муҳаррикҳои дарунсӯз, хизматрасони техникӣ ва таъмири автомобилҳо бо истифодабарии услуби нави таълимии педагогӣ омӯзонида мешаванд.

Дар муассисаҳои касбии олии техникӣ фанҳои умутехникӣ барои омузиши фанҳои касбӣ ҳамчун асос ба ҳисоб меравад.

Дар тамоми давраи фаъолияти кафедра омузгорони он барои бехтар ва хубтар ба роҳ мондани раванди таълим, тарбияи донишчӯён, бурдани корҳои илмӣ-методӣ, иштирок дар чорабиниҳои гуногун саъю кушиш карда омадаанд.

Аз тарафи омузгорони кафедра маводхои таълимӣ – роҳнамои таълим аз Ҷузъиёти мошинҳо (Воҳидов А.), аз муковимати масолеҳ (Маҳмудова С.) ва дигарҳо омода карда шуданд, ки онҳо дар љараёни таълими ин фанҳо истифода бурда мешаванд.

Дар кафедра корҳои илмӣ- методӣ хуб ба рох монда шудааст ва омузгорон дар конфронсҳои илмӣ, семинарҳои илмӣ- назариявӣ ва маҳфилҳо фаъолона иштирок намуда, бо маърӯзаҳо баромад менамоянд ва мақолаҳои илмиии бисёреро ба нашр расонидаанд.

Кори илмӣ- тадқиқотӣ дар мавзӯъи «Тадқиқоти хурдашавии ҷузъҳои мошинҳои куҳӣ» ба роҳ монда шудааст ва марҳилаи аввали он ба иҷро расонида шудааст.

 Устодони кафедра машғулиятҳои худро дар сатҳи баланди илмӣ- методӣ бо истифодабарии аёниятҳо ва технологияи информатсионии муосир мегузаронанд.

Меҳнати пурсамари тамоми омузгорони кафедра бо ифтихорномаҳои зиёд қадр карда шудааст. Аз он ҷумла Муҳидинов К., бо ифтихорномаҳои Вазорати Маориф ва илми ҶТ ва Вазорати Саноат ва технологияҳои нави ҶТ, Махмудова С., – бо унвони «Аълоҷии маориф ва илми ҶТ» сарфароз гардонида шудаанд.

 

Ҳайати профессориву омўзгории кафедра

Айни ҳол дар кафедра 6 нафар омӯзгорон фаъолият бурда истодаанд: доктори илмҳои техникӣ, профессор Буҳодуров Шукрулло Бурҳонович; номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Сидиқов Неъматљон; номзади илмҳои техникӣ, дотсент Муҳидинов Қувомидин; муаллимони калон Маҳмудова Санавбар Солиевна ва Ҳомидова Роҳатой Валиевна; лаборант Ёқубов Фахрулло Фурқатович.

 

Фаъолияти таълимӣ

Дар кафедра аз фанҳои зерин машѓулиятҳо барои ҳамаи тахассусҳои донишкада дар миқдори бо соатҳои дар нақшаи таълимӣ пешбинишуда гузаронида мешаванд:

  • Механикаи назариявӣ
  • Љузъиёти мошинҳо
  • Гидро- ва пневмоҳаракатдоварандаҳо
  • Назарияи мошинҳо ва механизмҳо
  • Механикаи муҳандисӣ бо асосҳои лоиҳакашӣ
  • Механикаи амалӣ
  • Гидравлика ва таљҳизотҳои гидравликӣ
  • Техникаи гармӣ ва гидравлика
  • Техникаи гармӣ
  • Муқоимати масолеҳҳо
  • Механикаи муҳити яклухт.

 

Китобу дастурҳои таълимӣ барои кўмак ба донишљўён

Аз фанҳои кафедра дар китобхона  китобҳои дарсӣ ва маводҳои таълимӣ ба забонҳои русӣ ва давлатӣ мављуданд. Якчанд номгўи маводҳои асосӣ барои донишҷӯён ва довталабон дар зер оварда шудааст:

  • Н.Туйчиев. Курси мухтасари механикаи назариявӣ. – Душанбе, «Шарқи озод», 2005 с.
  • Березовский Ю.Н. Детали машин М., -«Машиностроения» – 1983.
  • Никитин О.Ф. Гидравлики гидропневмопривод. Из-во МГТУ пм. Н.Э. Бауман, М., 2012, 431 с.
  • Гаффоров А. Назарияи мошин ва механизҳо. Ирфон. Душанбе – 2001.
  • Савин И.Ф., Сафонов П.В. Основы Гидравлики и гидропривод. М., «Высшая школа», 1978. 217 с.
  • Саидхоҷаев Т. Курси мухтасари муқовимати мавод. – Душанбе, «Шарқи озод», -2011 с.
  • Седов Л.И. Механика сплошной среды. М. Лапь Т.1-2004,528с, Т.2-2004-560 с.                 

 

Дастовардҳои илмии кафедра дар 3 соли охир

Аз љониби омўзгорони кафедра китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методии зерин омода карда шуданд:

  • Буҳодуров Ш.Б. Гидравлика ва ҳаракатоварҳои гидравликӣ. Нашриёти “Раҳим Ҷалил”, Хуҷанд 2019. – 192 с.
  • Мухидинов К.Р., Махмудова С.С., Чумъаев А.Р., Азизхонов И.М. Дастурамал оид ба кори мустакилона аз фанни механикаи назарияви.
  • Мухидинов К.Р., Абдуллозода Б.Х., Хошимов Х.Г., Азизхонов И.М. Методические указания и контрольные  задание для выполнения самостоятельные работы по предмету  теоретическая  механика.
  • Комплекси таълимӣ – методӣ аз фанни муқовимати масолеҳ дар таҳияи Маҳмудова С. С. Бустон 2017 с.
  • Комплекси таълимӣ – методӣ-2 аз фанни механикаи назариявӣ  дар таҳияи Маҳмудова С. С. Бустон, 2017 с.