Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ

Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ (Маҳмадалиев Бахтиёр Набиевич; зод. 24 феврали 1971деҳаи Кангурт, ноҳияи Совет, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) профессори фахрии шуъбаи хориҷии Донишгоҳи нафти Чин (01.10.2021с.), профессори фахрии Донишкадаи муҳити зист ва захираҳои шаҳри Ланҷоу (26.04.21с.) — иқтисоддон, соҳаи саноати миллӣ,  номзади илмҳои иқтисод (КНД №023073 Вазорати маориф ва илми ФР, 2015), дотсент (ДТТ №0173 аз 29.07.2019 №7, бо қарори раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон). Соли 1993 Донишгоҳи давлатии Ростови лаби Дон ба номи М.А. Суслови (дорандаи ордени Байрақи Сурхи Меҳнат) Федератсияи Россияро аз рӯи ихтисоси сиёсатшинос, омӯзгори фанҳои сиёсӣ (диплом ЦВ №499949) хатм намуд.

Соли 2002-Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон аз рӯи касби иқтисодчӣ-бозраси андоз (Аълочӣ, диплом ТСН № 0034169);

Соли 2005-Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшинос (Диплом ДТО №0007268);

Соли 2020-МД Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аз рӯи касби истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок (Аълочӣ, Диплом ДКА №0008305).

Соли 1991 кафедраи ҳарбии назди Донишгоҳи давлатии Ростови лаби Дон ба номи М.А. Суслови Федератсияи Россия. ( қисми ҳарбӣ №230177, гурӯҳи тирандоз ВУС-021002, афсари сиёсӣ). 

Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (шаҳодатномаи ҳизбӣ аз 2.01.2001 № 004431).

 

Корнома

 

Солҳои 1988-1993 — Донишҷӯи Донишгоҳи  давлатии Ростови лаби Дони Федератсияи Россия (дорандаи ордени “Байрақи Сурхи Меҳнат”) ба номи М.А.Суслов;

Солҳои 1993-1995 — Директори ширкати хусусии автосалон “Интер Душанбе”;

Солҳои 1995-1996 — Нозири андози шуъбаи методологияи андозсупорандагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 1996-1997 — Нозири калони шуъбаи корҳои аппелатсионӣ ва байналхалқии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 1997-1999 — Сарнозири Идораи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 1999-2000 — Сардори шуъбаи бақайдгирии андозсупорандагони Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2001-2003 — Муаллими калони кафедраи «Андоз ва андозбандӣ»-и Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон;

Солҳои 2003-2006 — Сардори шуъбаи кадрҳои Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон;

Солҳои 2006-2007 — Сардори шуъбаи кадрҳои Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон;

Солҳои 2007-2008 — Сармутахассиси раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2008-2013 — Ёрдамчии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2013-2014 — Мудири бахши Шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2014-2017 — Сармутахассиси раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2017-2018 — Дотсенти кафедраи «Андоз ва андозбандӣ», докторант-коромӯзи кафедраи «Назарияи иқтисодӣ»-и Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон;

Солҳои 2018-2020 — Дар вазифаи директори муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди  Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз 24 ноябри соли 2020 ректори  Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таъин гардид.

Муаллифи беш аз 70 асарҳои илмию методӣ дар самти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва муаллифи 2 монография, 2 васоити таълимӣ, 3 китоби дарсӣ мебошад.

 

  • Вопросы интеграции экологии и развития экономики в РТ (Душанбе, 2016);
  • Устойчивый экономический рост Таджикистана в условиях рыночной экономики (Душанбе, 2016);
  • Луғати мухтасари истилоҳоти иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ (Душанбе, 2018);
  • Асосҳои маркетинг (Душанбе, 2018);
  • Иқтисодиёти саноати кӯҳӣ  (Душанбе, 2020);
  • Менеҷменти экологӣ (Бӯстон, 2021);
  • Рушди устувори иқтисодии минтақаҳои Тоҷикистон дар шароити иқтисоди бозорӣ (Душанбе, 2021).
    Рӯйҳати пурра дар документи мазкур ёфта мешавад.

Бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2005), медали «Хидмати шоиста» (2020) ва Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (2021) қадрдонӣ шудааст.