Парки инноватсионию техникӣ

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  Парки технологӣ” (№629, аз 21 июли соли 2010) ва мавриди иҷро қарор додани қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (№18/29 аз 31.05.2011) бо Қарори Шурои олимони Донишкада  (№11 аз 10 июли соли 2013) Парки технологии Донишкада таъсис дода шудааст.

Парки инноватсионию техникии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи инноватсионӣ бо мақсади рушди илм ва истифодаи самараноки технологияи аълосифат барои қонеъ гардонидани талаботи истеҳсолот дар истифодаи технологияҳои навтарин ва татбиқи лоиҳаҳои иноватсионй ва инвеститсионй ташкил шуда, дар асоси талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи парки технологӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»,  Қарори Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015», Қарори Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби бақайдгирии давлатӣ, ташкилу гузаронидани ташхис ва озмунҳои лоиҳаҳои инноватсионӣ”, Оинномаи ДКМТ, Оинномаи парк  ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро анҷом дода истодаааст.

Парки инноватсионию техникии ДКМТ  маркази муосири рушду густариши инноватсия ва технологияи иттилоотӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мебошад,  ки аз соли 2013 то ба имрӯз дар назди Донишкада фаъолият менамояд.

Ҳадафи асосии мо – мусоидат ба рушди иқтисоди рақамӣ, таъмини шароити мусоид ва фароҳамсозии муҳити эҷодӣ барои мутахассисони ҷавон мебошад.