Нишасти навбатии маҳфили “Муҳосибони муосир”-и кафедраи менеҷмент

Санаи 25-уми ноябр нишасти навбатии маҳфили “Муҳосибони муосир”-и кафедраи менеҷмент бо ширкати омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид. Дар он нахуст донишҷӯи бахши дуюми ихтисоси 25010805  Зокиров Мунис, ки зери роҳбарии дотсент Собирова Шукриниссо омода гардидааст,  дар мавзӯи “Мақсад, вазифа ва принсипҳои аудит ҳамчун илм” суханронӣ намуда, роҷеъ ба ин масъала чанд нуктаи муҳимро дарқ намуд.  Мавсуф дар баромади хеш оид ба масъалаи мақсад ва вазифаи аудит, зарурияти аудит дар корхонаву  ташкилотҳо ва аҳамияти он  гуфта гузашт. 

Ҳамчунин, дар маҳфили мазкур  ҷиҳати сайқал ёфтани донишҳои иқтисодӣ   донишҷӯи бахши иқтисод Умаров Қамариддин дар мавзӯи “Предмет ва методи аудит” баромад намуд. Пас аз шунидани маърӯза донишҷӯён фаъолона ширкат намуда, суолҳо доданд ва андешаҳои хешро перомуни мавзӯот иброз намуданд.

 Дар интиҳо мудири кафедраи менеҷмент номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Собирова Шукриниссо суханронӣ намуда, ҷиҳати иштирок ба ҳозирин изҳори миннатдорӣ баён дошт ва мақсаду мароми маҳфилро ташреҳ дода, аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки дар чунин чорабиниҳо ҷиҳати сайқал додани дониши хеш фаъолона ширкат намоянд.