Маркази илмӣ-тадқиқотии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ниҳоди махсусест, ки ба таҳқиқот, кашфиёти нав, рушди технологияҳо ва ҳалли мушкилоти муайян бахшида шуда, барои таҳкими илм, инноватсия ва рушди иқтисодӣ муҳим буда, дар назди Донишкада амал карда, ба таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ машғул мешавад.
Маркази мазкур бинобар аз даст додани минтақаи таҷрибавӣ дар шаҳри Гулистон фаъолияташро бо филиали кафедраҳо ҳамоҳанг намуда, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мегузаронад. Айни замон дар ихтиёри Маркази мазкур 14 озмоишгоҳи дорои касбият ва фановариҳои ҷадид, мебошад, ки барои омӯзиш ва таҳқиқ мусоидат менамояд.
Маркази илмӣ-таҳқиқотии Донишкада фаъолияташро аз рӯи Низомнома ва дастуру супоришҳо ва дархосту лоиҳаҳои раёсати илм ва инноватсияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон пеш мебарад.
