ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ТАБИӢ-ИЛМӢ НИСБАТИ ТЕРРОРИСТОНЕ, КИ САЙЁҲОНРО БА ҚАТЛ РАСОНИДАНД.

 Сар ба зонуи тафаккур ниҳода андеша менамоем, ки дар  ҷомеаи муосир имрӯз имкон намедиҳад ки нафарони маҳдуд ба ҳизбу ҳирфаҳои сиёсӣ мардумро ба ҷониби мақсаду омолҳои шахсиашон раҳнамун созанд. Зеро халқи тоҷик аз зарбаҳои сахти таърих сабақ омӯхта, аз худсӯзиву ҷудоихоҳӣ ба худсозиву кишварсозӣ омада расидааст.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби экстремистиву террористии ҲНИ ва ҷамъи ёронаш натавонистанд аҳдофу мароми ҳизби хешро дар замони фаъолияти қонуниашон миёни ҷомеа роҳндозӣ намоянд.  Тавсеаи суҳбату нишастҳои мардум бо Муҳиддин Кабирӣ худ ошкор буд, ки ӯ ва ҳизби ӯ чи мақсадҳои нопок доранд.  Бояд ӯ амалан ба анҷоме коре даст занад буд, ки он шоиста бошад ва агар аз дасташон намеомад ақаллан, кӯшиш мекарданд, ки ба истиқрору оромии кишвар халал ворид насозанд.

Воқеае, ки чанд рӯз пеш дар минтақаи Себистони ноҳияи Данғара рух дод маҳз дасти наҳзатиён бо ёрии манқуртони ДИИШ буд. Танҳо Худованд медонист, ки агар мақомоти амнияти 14 нафар манқуртони дигарро, ки мехостанд тариқи дарёи панҷ ба Тоҷикистон  гузаранду даст ба террор зананд, боздошт наменамуданд.

 Аммо фарҷоми сабукфикриҳо чи шуд ба худатон маълум. Мо бояд аз ин сабақи хуб гирем ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем. Ҳамеша дар фикри ободии Ватан бошем.

 Б.Саидов ,  устоди кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ

 А. Тоҳиров, устоди кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

чордаҳ − як =