Вокунишҳо дар ҳошияи мақолаи ҚОРӢ НОСИР – “ФАРМОИШГАР”-И ҲАМЛАИ ДАНҒАРА КИСТ? ФАТҲИ МУЛКИ МАЪНӢ БОШ!

Бемаънигие нисбати гардишгарони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара рух дод, то ҳол байни расонаҳои хабарии хориҷӣ акси садо пайдо мекунад. Зеро чаҳор шаҳрванди хориҷӣ ҳалок ва ду нафари дигар захм бардоштанд. Ин садамаи муқаррарии ҳаракати нақлиёт набуда, балки ҳамлаи террористӣ эътироф гардид. Ҳатто майдаавбошӣ аз ҷониби наврасон ҳам не, ҳамлаи террористӣ!

Ин ҳодисаи нанговар ҳар яки моро ҳундор медиҳад, ки дар таъмини амнияти мулки худ ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем.  Фарҳанги сиёсии худро боло бурда дар ҷилавгирӣ аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро саҳмгузор бошем.  Тавре манбаи  “Ахбор.ком” менаисад : “ Аз мақолаи Б.Раҳимов: “Фармоишгари ҷинояти мудҳише, ки дар Данғара содир карда шуд, Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович, с.т. 1973, зодаи ноҳияи Фархор, аз соли 1992 узви фаъоли ТТЭ ҲНИ ва аз соли 2012 дар ҷустуҷӯ қарор дорад, мебошад. Соли 2015 ба рӯихати кофтуковии Интерпол ворид шудааст. Ҷинояткор ба падараш Убайдов Саидаҳтам, с.т. 1930, узви фаъоли ТТЭ ҲНИ пайравӣ кардааст. Падараш дар деҳаи Фрунзеи колхози Карл Маркси ноҳияи Фархор зиндагӣ мекард ва мудири анбор буд. Дар даст силоҳ ба муқобили сохти конститутсионӣ ҷангидааст…”

Дар ҳамин ҳол ҲНИ дар такя ба расонаҳои хориҷӣ менависад, ки :

“Баъди куштори сайёҳони хориҷӣ дар Данғара инак 10 рӯз боз як номи вирди забонҳо Носирхӯҷа Убайдов, мулаққаб ба Қорӣ-Носир аст. Мақомоти Тоҷикистон ин нафари то кунун барои ҷомеа оошноро узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) ном бурда, мегӯянд, ҳамлагаронро дар Данғара маҳз Қорӣ Носир аз Эрон роҳбарӣ мекард. ҲНИТ мегӯяд, дар натиҷаи як санҷиши дохилӣ маълум кардаанд, ки Носирхӯҷа Убайдов, ё Қорӣ Носир ҳеҷ гоҳ узви ин ҳизб набудааст.”

Аммо дар Маркази миллии итиилооти “Ховар” изҳороти Анҷумани тоҷикони Туркия пахш гардидааст: ” ”

“Чуноне, ки маълум аст, Муҳиддин Кабирӣ ва хонаводаи ӯ борҳо дар куштори фарзандони миллати тоҷик даст доштанд. Биёед ба таърих назар афканем. Солҳои 1992-1997 Кабирӣ дар даврони ҷавониаш аллакай дасташ дар хун олуда буд. Аммо бо назардошти он, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзоёни ташкилоти террористии мазкур авф шуда буданд, аъзоёни наҳзат аз ин ҳолат сӯистифода намуданд.

То ҳанӯз аз хотираҳо нарафтааст, ки фарзанди Кабирӣ Муҳаммад Тиллозода 3-юми майи соли 2012 бо автомашинаи шахсии тамғаи «Тойота Кемрӣ», рақами қайди давлатӣ 39-26 АМ 01 РТ бо суръати баланди 110-120 км дар як соат Ортиқзода Муҳсиддин, сокини деҳаи Андиҷони шаҳри Ваҳдатро дар рӯзи таваллудаш зер карда кушт. Он рӯз Муҳсиддин ба синни 12 — солагӣ қадам мезад ва ба ин муносибат дӯстонашро ба меҳмонӣ даъват карда буд. Модари Муҳсиддин бо алам гуфта буд: «Писарам дар рӯзи мавлудаш чанд ҳамсинфашро ба хона даъват кард».

Модари Муҳсиддин ӯро ба наздаш хонд ва чанд сомоние дода хоҳиш кард, ки аз мағозаи наздиктарин рафта камтар ширинии дигар биёрад. Муҳсиддин «Не модарҷон ташвиш накашед, басанда аст, ин пулро барои дигар корҳои рӯзгор сарф кунед» — гӯён пулро баргардониданӣ буд. Аммо модараш бо дилсӯзию ифтихор ва шукргузорӣ аз ақлу фаросати писараш, ки ба синну соли кӯчак нигоҳ накарда, ғами хонаводаро мехӯрд, ҷавоб дода буд: «Писарҷонам, ту марди хонадонӣ, падарат дар ғарибӣ асту худат пушту паноҳ, сутуни хонадон гаштаӣ. Ҳоло туӣ ноновару нигаҳбони хона. Туӣ, ки замини наздиҳавлиро кишт ва парвариш мекунӣ, ҳосилашро меғундорӣ. Туӣ, ки ҳезуму алаф ҷамъ меоварӣ, молу говамонро саробонӣ мекунӣ. Рав, ба нодориамон нигоҳ накун, ҳарчӣ хоҳӣ биёр, пулат нарасад қарз гир, коре карда бармегардонем. Коре кун, ки дар назди ҳамсинфон худро баробарэътибор эҳсос намоӣ».

Тайи чанд рӯзи сипаригардида, наҳзатиҳо аз бемории як тифли бегуноҳ Иброҳим (Ҳамза) Тиллозода сӯистифода намуда, сару садо бардошта, ин қазияро ба қазияи сиёсӣ табдил додаанд. Пас биёед як бор хулоса кунем, чаро шахсе, ки дар қайди ҳаёт аст ва аз ҷониби касе бо мошини гаронбаҳо кушта нашудааст, ин қадар ҳангома месозад. Дигар ин ки аз ҷониби мақомоти дахлдор шиносномаи хориҷӣ содир карда шуда ва ҷиҳати сафараш ба хориҷа мусоидат сурат гирифтааст. Айни ҳол Иброҳим Тиллозода дар шаҳри Истанбул табобат гирифта истодааст. Албатта қонуни дунёро набояд фаромӯш сохт. Зарбулмасали арабии «Ал­ҷазоу мин ҷинси ал­амал» ба мақоли халқии тоҷикӣ «Ҳарчи кардӣ — мебинӣ» рост меояд.

Хулоса, бояд хонаводаи Кабирӣ нағз эҳсос кунад, ки фарзанд барои ҳама азизу ширин аст. Дар таърихи 3-4 сентябри соли 2015, наҳзатиҳо бо амалҳои террористии худ чандин оилаҳоро хонавайрон карда, кӯдакҳоро ятим, занҳоро бева ва чанд модаронро бе фарзанд намуданд. Он нафароне, ки барои Ватан шабу рӯз дар хизмат буданд, онҳоро аз ҳаёт маҳрум сохтанд.

Мо шаҳрвандони тоҷики муқими Туркия амали М.Кабириро маҳкум намуда, аз ӯ талаб менамоем, ки масъалаи оилавиашро ба масъалаҳои сиёсӣ омехта накунад ва ба инобат гирад, ки фарзанд барои ҳама азиз ва меҳрубон аст. Бояд М. Кабирӣ аз куштани тифлони бегуноҳ даст кашад».

Дар  поёни ин изҳорот фаъолони  Анҷумани тоҷикон дар Туркия имзо гузоштаанд.

Ба андешаи мо, имрӯз пеш аз ҳама хурду калон бояд саводи хуби дунявӣ дошта бошад. Дар фатҳи мулки маънӣ ҳиссагузор бошад. Зеро инсони бамаънӣ ҳаргиз ба амали бемаънӣ даст намезанад.  

З.Орифов, мудири шуъбаи иттилоотии ДКМТ

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

17 − се =