ИЗХОРОТИ КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКАИ ОЛИ ВА ИНФОРМАТИКА :ТАШКИЛОТИ ЭКСТРЕМИСТИ ТЕРРОРИСТИИ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ ХАТАРНОК АСТ

Аксари мусулмонони олам чунин  мешуморанд, ки нисбат ба онҳо мамолики Ғарб сиёсати духўра, дурўя, меъёру стандартҳои мунофиқонаро ба кор мебаранд. Мутаассифона, аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андешаи мутлақо ғалат аст. Зеро «Қуръон», ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурияти сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид ва фармудааст. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ.

Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунё иимрўза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳампайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеч вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, кўҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асил изамони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст.

Ҳаёти воқеӣ нишон медиҳад, ки терроризм ба амнияти ҷомеа ба таври муътадил фаъолият намудани мақомоти ҳокимият, инчунин ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хавфу хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ин падидаи манфӣ имрӯз яке аз амалҳои бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд. Ёдрас намудан ба маврид аст, ки амалҳои террористӣ дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаҳои 179 ва 180 бандубаст карда шудааст. Дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсадҳои онро чунин шарҳ медиҳад: “Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба  воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Паёмадҳои амалҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва террористӣ бешубҳа на ба манфиати башарият ва на ба манфиати халқҳои мусулмони дунё мебошад. Хисороти моддию маънавӣ дар натиҷаи содир намудани амалҳои террористӣ низ беҳисоб аст.

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

панҷ × ду =