ДАСТПАРВАРОНИ ДОНИШКАДА

Сол аз сол сафи дастпарварони донишкада сифатан беҳтар шуда муҳандисони соҳаи куҳу маъданшиносӣ афзоиш меёбад.

Ҷамъбасти ниҳоии ҳимояи лоиҳаи дипломии хатмкунандагони соли таҳсили 2017-2018–и факултетҳои донишкада дар умум муқоиса бо ҳимояи соли гузашта ба тариқи зайл сурат гирифтанд:

бо бањои «аъло» 124  нафар 18% ҳимояи диплом намуданд, ки нисбат ба ҳимояи лоиҳаи дипломии соли таҳсили 2016-2017 (+ 4%) (соли 2017 14% -), «хуб» 243 нафар 36,6% (+6,2%),  (соли гузашта 30,8%), боло рафта,  «қаноатбахш» 283 нафар 42% (-12%) (соли 2017 54%) (-5,3%), “ғайриқаноатбахш” вуҷуд надорад (соли 2017 3 нафар) паст шудааст, ҳимояи лоиҳаи дипломии хатмкунандагони донишкада дар соли ҷорӣ натиҷабардорӣ карда шуд.

Ҳамагӣ дар маҷмӯъ 650 нафар хатмкунандагони соли ҷорӣ (98%) ҳимояи лоиҳаи дипломиро бо баҳои мусбат ҷамъбаст намуданд, ки ин нишондиҳанда дар қиёс нисбат ба баҳои мусбати соли 2017 (96,4%) баробар буда, беҳбудӣ ба назар мерасад, зеро (+1,6%) баланд шудааст.

Сатҳи донишазхудгунии хатмкунандагон 45,1%, (-2,9%) (соли гузашта 48%) баҳои миёна 3,7 (+0,2) соли гузашта (3,5) буда дар ин самт низ пешравиҳо дида мешавад.

Бояд зикр намуд, ки дар соли ҷорӣ, миқдори хатмкунандагони ба КАД, ҳимояи лоиҳа (кор)-и дипломӣ (13 нафар) ва баҳои ғайриқаноатбахш гирифтагон (1 нафар)  нисбат ба соли гузашта кам гардидааст, зеро дар соли 2017 баҳои ғайриқанатбахш 3 нафар, хатмкунадагони ҳозирнашуда 18 ва дар умум 21 нафарро ташкил медод.

Боиси қайд аст, ки дар зинаи таҳсили магистратураи донишкада донишҷӯён таълим, гирифта соли ҷорӣ хатми  аввали 11 нафар  магистарнтон амалӣ карда шуд.

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

15 − 11 =