Баргузории аксияи тарғиботии “Аз шаҳрванди Тоҷикистон буданам ифтихор мекунам” дар донишкада

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон дар ҳамкорӣ бо хадамоти шиносномавию бақайдгирии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 3-уми ноябри соли 2023 дар толори Шурои олимони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси шаҳр Мамнур Нурзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Хусравшоҳ Исмоилзода, сардори хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Азиза Ҷабборзода ва як қатор ҷавонони фаъол, гирандагони Стипендия, аъзоёни маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” аксияи шаҳрӣ таҳти унвони “Аз шаҳрванди Тоҷикистон буданам ифтихор мекунам” ташкил ва баргузор гардид.
Мақсад аз ташкил ва баргузор намудани аксияи мазкур ин пеш аз ҳама мусоидат ба таҳким ва рушди шуури миллии ҷавонон, ҳамбастагии шаҳрвандии насли ҷавони кишвар, тарбияи онҳо дар руҳияи эҳтиром ба таърих ва Конститустияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, волоияти қонун ва меъёрҳои ҳаёти иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.
Дар аксияи мазкур бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва дар ҳамкорӣ бо хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон дар арафаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 10 нафар ҷавонони фаъоле, ки синнашон барои гирифтани шиноснома расидааст ва бори аввал соҳиби шиносномаи миллӣ гардиданд дар фазои тантанавӣ супорида шуд.