ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ, ҲАРЗА МЕГӮЯНД!

Ҳоло чунин вазб бавуҷуд омадааст, ки ҳар яки моро зарур меояд, то зиракии сиёсии хешро ҳифз намоем ва худро аз ҳамлаҳои иттилоотии иғвобарангезон эмин дорем. Ҳоло аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар хориҷ аз кишвар чандин сомонаҳои ифротиро таъсис дода, талош мекунанд, то миллатро дар роҳи буҳрони амиқӣ фикри қарор диҳанду ба гумроҳӣ баранд.  Онон барои ин кор аз хоҷагони хориҷияшон, ки дар расонаҳо борҳо далелҳояш ба нашр расидааст, маблаӯҳои ҳангуфт мегиранд ва бар ҳамин далел ҳам наҳзатиёни бадкешро ғуломони зархарид низ меноманд.

Ҳоло наҳзатиёни бадкеш дар сомонаҳои ифротияшон пайваста кӯшиш мекунанд, то тӯҳматномаҳо ва матлабҳои иғвобарангезро ба нашр расонанд, то ҷомеаро аз думболи худ баранд. Ин наҳзатиёни малъун ва харшиа, ҳатто гумон ҳам намебаранд, ки онҳоро миллат кайҳо шинохтааст ва ҳиллаву найранги шайтонияшонро ҳам фаҳмидаасту зери ниқоб будани ин хоинонро кайҳо дарк кардааст. Зеро наҳзатиён худро мулоимгуфтор ва мелеҳсухан вонамуд карда, мехоҳанд миллатро гумроҳ кунанду сарсон созанд.

Аз ин рӯ, ҳар рӯз сафсата мехонанд ва сафсатаҳояшонро ба тамоми расонаҳои ифротии аз ҳисоби пули хоҷагонашон ташкилкарда ба чоп мерасонанд, то миллатро фиреб диҳанду гумроҳ созанд.

Мо, устодони кафедра ин рафтори хоинони бадкеш ва ҳаромзодаро маҳкум намуда, ба ҳамаи ин душманони миллат, ки имрӯз хоинӣ мекунанд, бар миллат хиёнат мекунанд, лаънат мехонем!