Дар 19 соли фаъолият Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аз як муассисаи кучак ба як таълимгоҳи бузург мубаддал гашта, сол ба сол инфраструктураи он тағйир ёфта, масоҳати таълимӣ, миқдори донишҷӯёну кормандон, базаи моддиву техникии инкишоф ёфта истодааст. Соли хониши 2021-2022 ва 2025 дар сохтори Донишкада якчанд
тағйиротҳо ворид гардиданд. Миқдори кафедраҳо аз 13 ба 15 расида, шуъбаи аспирантура, шуъбаи тарбия, маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони корхонаҳои саноатӣ, факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд. Соли 2025 дар ДКМТ Шурои олимон, 15 адад кафедраҳо, аз инҳо 6 адад кафедраҳои байнифакултавӣ ва 9 адад
кафедраҳои тахассусӣ, 4 факултет, муҳосибот, қисми хоҷагӣ, раёсати таълим, раёсати илм ва инноватсия, шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа, раёсати кадрҳо кадрҳо, шуъбаи аспирантура ва магистратура, коргузорӣ ва бойгонӣ, китобхона бо ҷузъи электронӣ, маркази бақайдгирӣ, маркази ташхис ва хизматрасонии компютерӣ, шуъбаи дуюм, шуъбаи кор бо
ҷавонон, шуъбаи ҳифзи меҳнат, шуъбаи иттилоот, шуъбаи пайгирии хатмкунандагон, Парки технологӣ фаъолият бурда истодаанд. Илова бар ин, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ба монанди Иттифоқи касаба, Шурои занону духтарон, Шурои донишҷўён ва Шурои собиқадорони меҳнат фаъолият бурда истодаанд.
Дар соли 2020 бо ташаббуси ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва ҳайати профессорию омӯзгорӣ сохтори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аз сари нав тасдиқ карда шуд, ки дар ин давра як қатор шуъбаву раёсатҳои нав таъсис дода шуд.

