Дар ҳар як гурӯҳҳои академии факултети металлургия аз санаи 16.12.2019 то 20.12.2019 маҷлисҳо дар мавзӯъӣ “Терроризм ва экстремизимро маҳкум менамоем” гузаронида шуд. Аз рӯи масъалаи “терроризм ва экстремизмро маҳкум менамоем” декани факултети металлургия А. Умарҷонов баромад намуда, иброз намуд, ки “Терроризм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва берунаи рушди иҷтимоӣ вобаста мебошад”.
Терроризм ин таҳдиди бисёрҷониба ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷамъият ва давлат, ки яке аз навъҳои аз ҳама хатарноки ифротгароии сиёсӣ дар тарозуи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад, муайян карда шудааст.
Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду чолишҳо омадааст: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад.
Ҳамчунин дар ҳамомиши факултет сардори шуъбаи тарбия Азизов Қ.М ва дигар устодони факулта суханронӣ намуда, донишҷӯёни ҷавонро ба роҳи неку пурбарор ва дур аз олами терроризм ҳидоят намуданд.