ИЗҲОРОТИ ФАКУЛТЕТИ МЕТАЛЛУРГИЯИ ДКМТ: АРҶГУЗОРӢ БА МИЛЛАТ РИСОЛАТИ МОСТ

Дар давоми 28-соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаҳо ва ҳодисоти зиёдеро аз сар гузаронда, ба сулҳу ваҳдату созандагию бунёдкориҳо расид. Дар шароити феълӣ орзую омоли деринаи фарзандони ҳисси ифтихори миллии баланддошта ва ватандӯсти тоҷик ҷомаи амал пӯшида истодааст ва Ватани азизамон Тоҷикистон ба сафи мамлакатҳои пешрафта даромада, шаҳрвандонаш орому осуда ва сарбаландона зиндагӣ доранд.

Ба дасисакории  «наҷотдиҳандагон»-и миллат Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мо заррае боварӣ ва эҳтиром надорем. Онҳо  мехоҳанд бо дасисаву иғво тарафдорони худро зиёд сохта, ҷомеаро ба сӯи гумроҳӣ баранд. Вале  ин амали онҳо пойанла нест. Зеро халқ худ бадиро аз некӣ ҷудо карда метавонад.

Ба чунин ғаразкорон,  гуфтанием, ки биёед ба рушди кишвар бо ҷашми ҳакбин нигарем. Ба пешрафту хизматҳои шоистаи он арҷ гузорем. Ба миллати хеш хизмат кунем!