Санаи 24-уми ноябри соли ҷорӣ дар хобгоҳи донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявии факултети электромеханикаи Донишкада таҳти унвони “Парчами давлатӣ -намоди соҳибихтиёрию ҳаммаромии миллат ва муқаддасоти ифтихорофар” баргузор гардид.
Дар семинар декани факултети электромеханика Қозизода Камолиддин дар мавзуи “Парчами давлатӣ – рамзи ваҳдату ҳамдилӣ ва соҳибдавлатӣ”, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ -иҷтимоӣ Аминзода Мавлуда дар мавзуи “Парчами давлатӣ таҷассумгари қудрату фарҳанги миллат”, муовини декани факултети электромеханика оид ба илм Холова Фахриниссо дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории навини тоҷикон”, омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ -иҷтимоӣ Абдуллоев Икром дар мавзуи “Парчам- рамзи давлатдории миллӣ” ва донишҷӯён маъруза намуданд.
Дар чорабинӣ таъкид карда шуд, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ аз масъулияти аввалиндараҷаи шаҳрванд буда, дар баланд гардидани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва масъулиятшиносии шаҳрвандон мусоидат менамояд. Баргузории чунин чорабиниҳои бошукуҳ ва ифтихорофар аз рисолатҳои аслии меҳандӯстӣ буда, баҳри тақвияти тарбияи ватандӯстии насли ҷавон, дарки масъулияти шаҳрвандӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, густариши бародариву ҳамдилӣ замина мегузорад.
Изҳор дошта шуд, ки барои миллати тамаддунсоз ва фарҳангии тоҷик Истиқлолияти давлатӣ имконияте фароҳам сохт, ки сарнавишти хешро мустақилона муайян намуда, роҳи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии худро интихоб намояд, ки дар ин раванд Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи ягонагии миллат ва соҳибихтиёрии мамлакат аҳаммияти бузург дорад. Зеро, ҳар боре ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар парафшон мегардад, дар қалби ҳар як шаҳрванди ватандӯст ҳисси ифтихор ва муҳаббат ба Ватан боз ҳам афзунтар мегардад.
Ёдрас мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси садорати факултети электромеханика бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот




