Санаи 24-уми ноябри соли 2026 дар кафедраи экологияи факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нави Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Парчами давлатӣ -намоди соҳибдавлативу соҳибиродагии миллат” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Шамсиддинов Шуҳрат дар мавзуи “Парчами давлатӣ -намоди соҳибдавлативу соҳибиродагии миллат”, мудири кафедраи экология Ҳоҷиён Мирзошокир дар мавзуи “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоди шуҷоату давлатдории миллати тоҷик”, омӯзгори ҳамин кафедра Ҳоҷибоев Далер дар мавзуи “Парчами давлатӣ ва парафшонии он дар Созмонҳои байналмилалӣ” ва донишҷӯён маъруза намуданд.
Таъкид карда шуд, ки ҳар як миллати соҳибдавлат бо рамзҳои муқаддаси худ, аз ҷумла Конститутсия, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ифтихор менамояд. Парчами давлатӣ на танҳо як матои рангоранг, балки нишони ҳастии миллат, ваҳдати мардум, озодӣ ва соҳибихтиёрии давлат арзёбӣ мегардад. Барои миллати тоҷик ва умуман сокинони шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Парчами давлатӣ мақоми вижа дошта, ҳамчун рамзи давлатдорӣ, озодиву мустақилият, ҳамбастагиву ҳаммаромӣ, тавонмандиву сарфарозӣ ва ифтихори миллӣ ба ҳисоб меравад.
Изҳор дошта шуд, ки дар таҳкими истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳёи давлатдории миллӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад.
Ёдрас мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси кафедраи экологияи факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нави Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот

