Парчами давлатӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои истиқлолият, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва муарифгари миллату давлат дар арсаи байналмиллалӣ маҳсуб меёбад. Ҳамзамон, дар ин мақола раванди таърихии қабули Парчами давлатӣ, мазмуну моҳияти рамзии рангҳо ва ҷузъиёти он, инчунин саҳми ин муқаддасоти миллӣ дар ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, таҳкими ҳамбастагии ҷомеа, пойдории ваҳдати миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоту арзишҳои давлатдорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад.
Парчами давлатӣ дар қатори муқаддасоти асосии ҳар як кишвар мавқеи хос дошта, ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, озодӣ ва мустақилияти сиёсӣ эътироф мегардад. Он танҳо як нишонаи расмии давлат набуда, балки инъикоскунандаи гузаштаи таърихӣ, мероси фарҳангӣ, суннату арзишҳои миллӣ ва орзуву мақсадҳои мардум ба шумор меравад. Барои ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ таҷассумгари эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихор аз миллату давлат, ҳисси сарбаландӣ, озодандешӣ ва ягонагии тамоми сокинони кишвар мебошад.
Пас аз касби Истиқлоли давлатӣ дар соли 1991, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бунёди пояҳои давлатдории мустақил, таҳкими низоми миллии идоракунӣ ва муайян намудани рамзҳои расмии кишвар як қатор иқдомҳои муҳимро амалӣ намуд. Дар ин замина, қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди дорои арзиши баланди сиёсӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ мавқеи муҳимро ишғол намуда, дар ташаккули симои давлати соҳибистиқлол нақши назаррас бозид.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24-уми ноябри соли 1992 зимни баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, расман тасдиқ гардид.
Қабули ин рамзи муҳими давлатӣ дар шароити ҳассосу пурпечутоби таърихии кишвар дорои аҳамияти бузург буд. Ин рӯйдод оғози давраи тозаи бунёди давлатдории миллӣ, эҳёи суннату арзишҳои таърихӣ ва таҳкими муттаҳидии ҷомеаро дар атрофи ғояҳои истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии миллӣ ифода менамуд.
Бо мақсади арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти миллӣ, ҳамасола 24-уми ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Ҷашни мазкур дар баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ташаккули ҷаҳонбинии ватандӯстонаи ҷавонон ва тарбияи эҳтиром нисбат ба муқаддасоту рамзҳои давлатӣ нақши муҳим дорад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се рахи уфуқии дорои паҳнои баробар иборат буда, дар қисми болоӣ ранги сурх, дар мобайн ранги сафед ва дар қисмати поёнӣ ранги сабз ҷой гирифтааст. Дар маркази рахи сафед тасвири тоҷ ва ҳафт ситораи панҷгӯша ҷойгир гардида, ин унсурҳо мазмуни хоси рамзӣ дошта, ифодагари арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва ҳувияти миллии халқи тоҷик мебошанд.
Ҳар яке аз рангҳо ва ҷузъҳои таркибии Парчами давлатӣ дорои мазмуну муҳтавои рамзии махсус буда, арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷикро таҷассум менамояд:
- Ранги сурх таҷассумгари муборизаи таърихии халқ барои ба даст овардани озодӣ, ҳифзи истиқлолият, шуҷоат, матонат ва фидокорӣ мебошад.
- Ранги сафед ифодагари покизагӣ, сулҳу субот, ниятҳои нек, хушбахтӣ ва зиндагии осоишта ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, он рамзи пахтакорӣ ва сарватҳои табиии кишвар низ мебошад.
- Ранги сабз нишонаи табиати зебо, сарсабзиву шукуфоӣ, ободонӣ, неруи ҷавонӣ ва рушди пайвастаи ҳаёт маҳсуб меёбад.
Дар қисми марказии Парчам тасвири тоҷ ҷой гирифтааст, ки он рамзи ҳокимияти давлатӣ, истиқлолу соҳибихтиёрӣ ва тамаддуни қадимаи халқи тоҷик мебошад. Ҳафт ситораи дар болои тоҷ ҷойгиршуда бошанд, дар маънавиёти миллӣ таҷассумгари хушбахтӣ, камолоти инсонӣ, саодат ва иқболи нек мебошанд.
Парчами давлатӣ дар рушду ташаккули худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани эҳсоси ифтихори ватандорӣ дар байни шаҳрвандон мавқеи назаррас дорад. Ин рамзи муқаддаси давлатдорӣ новобаста аз синну сол, шуғл, касбу ҳунар ва мақоми иҷтимоии афроди ҷомеа онҳоро дар атрофи манфиатҳо, ормонҳо ва арзишҳои муштараки миллӣ ба ҳам оварда, барои таҳкими ҳамбастагӣ ва ягонагии ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад.
Арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ, пеш аз ҳама, маънои эҳтиром гузоштан ба гузаштаи таърихӣ, мероси фарҳангӣ, забони миллӣ, суннату арзишҳои аҷдодӣ ва соҳибистиқлолии давлатро дорад. Ҳар як фарди ҷомеа бояд моҳияти ин муқаддасоти миллиро дарк намуда, онро ҳамчун таҷассумгари ҳамбастагии миллат, ягонагии мардум ва нишонаи масъулияти шаҳрвандӣ дар назди Ватан эътироф намояд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ, донишгоҳҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ ташкил ва баргузор намудани барномаҳои фарҳангӣ, маърифатӣ ва тарбиявӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ дар таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ, густариши худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии насли ҷавон нақши муассир мегузорад. Ин гуна иқдомҳо инчунин ба ташаккули муносибати эҳтиромона нисбат ба рамзҳои давлатӣ ва арзишҳои соҳибистиқлолии кишвар мусоидат менамоянд.
Насли ҷавон ҳамчун қувваи фаъолу созандаи ҷомеа дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва таъмини пешрафти минбаъдаи кишвар мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Бинобар ин, дар замири ҷавонон ташаккул додани эҳтиром нисбат ба муқаддасоти давлатӣ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва оила ба ҳисоб меравад.
Азхуд намудани маълумот оид ба таърихи пайдоиш ва қабули Парчами давлатӣ, дарки мазмуну муҳтавои рамзии рангҳо ва ҷузъиёти он, ширкат дар маҳфилу чорабиниҳои идона ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ барои ташаккули тафаккури миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва тақвияти масъулияти шаҳрвандии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Парчами давлатӣ бояд дар шуури ҳар як ҷавони тоҷик ҳамчун нишонаи сарбаландии миллӣ, садоқат ба Ватан ва уҳдадории шаҳрвандӣ ҷойгоҳи хос дошта бошад. Зеро посдорӣ ва гиромидошти арзишҳои миллӣ на танҳо дар изҳори эҳсосот, балки пеш аз ҳама дар амалҳои созанда, азхудкунии донишҳои муосир, фаъолияти самараноки меҳнатӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҷассум меёбад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори арзишҳои муқаддаси миллӣ мақоми хос дошта, ҳамчун таҷассумгари озодиву истиқлолият, соҳибихтиёрии давлатӣ, ҳамбастагии миллӣ ва ифтихори мардуми тоҷик эътироф мегардад. Қабули он 24 ноябри соли 1992 дар саҳифаҳои таърихи давлатдории муосири Тоҷикистон ҳамчун воқеаи дорои аҳамияти бузурги сиёсиву таърихӣ сабт гардидааст.
Ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки нисбат ба Парчами давлатӣ муносибати эҳтиромона дошта бошад, муқаддасоти онро гиромӣ нигоҳ дорад ва бо фаъолияти созандаву ташаббусҳои судманд дар таҳкими пояҳои истиқлолияти миллӣ ва рушди устувори Ватан саҳми арзандаи худро гузорад.
Ин рамзи муқаддаси миллӣ шаҳрвандонро ба садоқат ва муҳаббат нисбат ба сарзамини аҷдодӣ, ҳифзи сулҳу оромӣ, таҳкими ягонагии ҷомеа ва саҳмгузорӣ дар ободии кишвар раҳнамоӣ менамояд. Ҳамеша бод парафшонии Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки таҷассумгари суботи ҷомеа, шукуфоии давлат ва умед ба фардои боз ҳам ободи миллати тоҷик мебошад!
Парчами миллии мо — таҷассумгари шарафу номус, ҳувияти миллӣ ва мояи ифтихору сарфарозии ҳар як фарди тоҷик аст!
Ниязова С.К.
омӯзгори калони кафедораи иқтисодиёт ва идоракунии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
