Парчам ҳамчун яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ифодагари ҳастии давлат, соҳибихтиёрии миллӣ ва ягонагии ҷомеа мебошад. Мафҳумҳои «парчам», «ливо» ва «байрақ» дар забони тоҷикӣ маъноҳои наздик дошта, дар заминаи давлатдорӣ ҳамчун нишонаи шинохти давлату миллат истифода мешаванд. Парчам на танҳо аломати фарқкунандаи давлат, балки таҷассумгари таърих, фарҳанг, ормонҳои миллӣ ва арзишҳои маънавии мардум ба шумор меравад.
Суннати парчамдорӣ дар таърихи давлатдории мардуми форсу тоҷик решаҳои амиқ дорад. Дар давраҳои давлатдории Ҳахоманишиён, Сосониён ва Сомониён парчаму дигар нишонаҳои ҳокимият ҳамчун воситаи муаррифии давлат ва муттаҳидсозии мардум мавқеи муҳим доштанд. Аз ин рӯ, парчамдорӣ дар фарҳанги сиёсию маънавии тоҷикон бо мафҳумҳои давлатсозӣ, ватандӯстӣ, нангу номус ва ҳифзи марзу буми аҷдодӣ пайванди ногусастанӣ дорад.
Парчам дар тафаккури миллӣ рамзи Ватан, шараф ва ифтихори мардум маҳсуб мешавад. Эҳтиром ба он эҳтиром ба таърихи миллат, мероси ниёгон ва талошҳои наслҳои гузашта барои нигоҳдории ҳувият ва пойдории давлатдорӣ мебошад. Шинохти ин арзишҳо ба таҳкими худогоҳии миллӣ мусоидат намуда, масъулияти шаҳрвандонро дар ҳифзи истиқлолу ваҳдати миллӣ афзун месозад.
Бо ба даст овардани истиқлоли давлатӣ зарурати қабули рамзҳои нави давлатӣ ба миён омад, ки бояд соҳибихтиёрӣ, ҳувияти миллӣ ва ормонҳои мардуми Тоҷикистонро ифода мекарданд. Дар ҳамин замина, 24-уми ноябри соли 1992 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Қабули он яке аз рӯйдодҳои муҳим дар раванди ташаккул ва таҳкими давлатдории навини тоҷикон ба шумор меравад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се ранг — сурх, сафед ва сабз иборат буда, ҳар яке мазмуни муайяни рамзӣ дорад. Ранги сурх ифодагари мубориза, ҷоннисорӣ ва фидокории мардум дар роҳи озодӣ ва истиқлол мебошад. Ранги сафед покизагӣ, сулҳу осоиш, бахту саодат ва умед ба ояндаи некро таҷассум менамояд. Ранги сабз бошад, рамзи сарсабзӣ, ободӣ, шукуфоӣ ва пойдории ҳаёт аст. Ҳамоҳангии ин рангҳо пайванди ормонҳои таърихии миллатро бо ҳадафҳои созандагии имрӯзаи он инъикос мекунад.
Тоҷ ва ҳафт ситора, ки дар маркази Парчами давлатӣ ҷой гирифтаанд, ба он мазмуну моҳияти хоси миллӣ мебахшанд. Ин унсурҳо бо таъриху фарҳанг ва анъанаҳои давлатдории тоҷикон пайванд дошта, дар маҷмӯъ, соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва ормонҳои волои миллиро ифода менамоянд. Аз ин ҷиҳат, Парчами давлатӣ рамзест, ки гузашта, имрӯз ва ояндаи миллатро ба ҳам мепайвандад.
Мавқеи Парчами миллӣ дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ назаррас аст. Он дар ҷашну маросимҳои давлатӣ, ҳамоишҳои байналмилалӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳои муҳим барафрохта мешавад. Баланд гардидани Парчами Тоҷикистон ба ифтихори дастовардҳои намояндагони кишвар, аз ҷумла варзишгарону ғолибони озмунҳои байналмилалӣ, эҳсоси ифтихор ва худшиносии миллиро тақвият мебахшад. Дар чунин лаҳзаҳо парчам на танҳо нишонаи мансубияти давлатӣ, балки ифодагари заҳмат, истеъдод ва комёбиҳои фарзандони миллат мебошад.
Яке аз нишонаҳои арҷгузорӣ ба ин рамзи давлатӣ бунёди пояи Парчами миллӣ дар шаҳри Душанбе, дар наздикии Қасри миллат, мебошад. Баландии пояи он 165 метр буда, дарозии матои парчам 50 метр ва паҳнои он 30 метрро ташкил медиҳад. Ин иншоот ҳамчун нишонаи эҳтиром ба давлатдории миллӣ ва ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳамияти хоси рамзӣ дорад.
Эҳтиром ба Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ бояд ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги шаҳрвандӣ ва тарбияи ватандӯстӣ бошад. Муносибати огоҳона ба рамзҳои давлатӣ танҳо бо иштирок дар ҷашну маросимҳо маҳдуд намегардад. Он, пеш аз ҳама, дар риояи қонун, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи ваҳдат ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан зоҳир мешавад. Аз ин рӯ, шинохти моҳияти рамзҳои давлатӣ ва тарбияи эҳтиром ба онҳо, бахусус дар байни ҷавонон, аз вазифаҳои муҳими оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Ҳамин тариқ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассумгари истиқлол, ваҳдат, ҳувият ва ифтихори миллӣ мебошад. Арҷгузорӣ ба он маънои эҳтиром ба Ватан, таърихи давлатдорӣ ва арзишҳоеро дорад, ки пойдории ҷомеа бар онҳо асос меёбад. Вазифаи ҳар як шаҳрванд аст, ки ин рамзи муқаддасро гиромӣ дошта, бо фаъолияти созанда ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ барои пешрафт ва таҳкими давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳм гузорад.
Ҳоҷибоева М,М.
омӯзгори калони кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
