Имрӯз, дар факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нави Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон-наҷотбахши тоҷику тоҷикистонӣ ва эҳёгари мероси ниёкон” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ профессор Зиёмиддинов Баҳодур дар мавзуи “Ниҳоди президентӣ ва ташаккули он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, муовини декани факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав Икромзода Азиза дар мавзуи “Таҷлили Рӯзи Президент рамзи садоқат ва сипосгузорӣ бар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” ва омӯзгори кафедраи математикаи олӣ ва зеҳни сунъӣ Шамсиддинов Хуршед дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон таҳкимбахши истиқлол ва сулҳу ваҳдати миллӣ” маъруза намуданд.
Таъкид карда шуд, ки таҷлил аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рамзи арҷгузорӣ бар хидматҳои ин абармарди таърихсоз ва наҷотбахши давлату миллат буда, сипосу садоқати миллатро бар Пешво ва Сарвари ҷонфидову саодатовар ифода менамояд.
Дар фарҷоми семинар ба ҳозирин филми мустанади “Марде аз сарнавишт” манзури ҳозирин гардонида шуд.
Шуъбаи иттилоот
