Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент семинари илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Президент-кафили сулҳ, ваҳдат ва истиқлолияти давлати миллӣ” бо ширкати ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат, декани факултети металлургия Раҳимзода Шукринисо, мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Ҷалолова Зуҳро ва дигар омӯзгорону дониҷшӯён баргузор гардид.
Дар чорабинӣ нахуст ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат дар мавзуи “Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори фазилатмард ва сулҳхоҳи башар” маъруза намуда, роҷеъ ба ташаккули ниҳоди президентӣ дар кишвар, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сохтори конститутсионӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар, ва аҳамияти таҷлили Рӯзи Президент суханронӣ намуданд.
Ректори Донишкада таъкид намуданд, ки таҷлил аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин эҳтиром ба шахсияти нодиру тавоно, абармарди арсаи нангу номус, тоҷики асил ва хирадманди фазилатманд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мо, хидматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои бақои давлати тоҷикон, барои дубора эҳёи давлатдорӣ ва саодати миллат ҳаргиз фаромӯш карда наметавонем. Зеро маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони муосир тоҷикро муаррифӣ ва давлати тоҷиконро дубора эҳё карданд.
Барои Тоҷикистони нав истиқлол касб намуда ва дар арсаи бӯҳрон печида, шахсияти мисли Эмомалӣ Раҳмон зарур буд, ки ин тифли навро тарбият кунад, парасторӣ намояду ба воя бирасонад. Далели бе баҳс аст, ки даҳаи аввали истиқлоли давлатӣ барои миллати сарбаланди тоҷик мушкилиҳо дошт, сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, тақсимшавии элита ба қисматҳо, дарки нодуруст аз истиқлоли давлатӣ аз мушкилоте буданд, ки таъсири манфӣ бар ин даҳа гузошт. Хушбахтона, бо зуҳури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсати Тоҷикистон вазъ комилан тағйир ёфт. Роҳбари хирадманди давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ нукта гузоранду давлатро наҷот бидиҳанд ва миллатро саодат бахшанд. Ин саодат ва ин сулҳ миллатро барои ҳамеша бар хушбахтӣ расонид…
Таъкид карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он ваъдае, ки дода буданд, он мақсаде, ки гузошта буданд, он ҳадафе, ки дар пеш гирифта буданд, он роҳе, ки интихоб намуда буданд барои саодати миллати тоҷик ва ободии Тоҷикистон иҷро карданд. Тоҷикистонро ба як биҳишти рӯи замин табдил доданд. Тоҷикистонро обод карданд ва беҳтарин шароитро барои миллат фароҳам оварданд. Давлати миллии тоҷиконро бунёд карданд, ки ин ҳам хидмати бузурги ин абармарди арсаи сиёсат мебошад.
Ҳамзамон, дар чорабинии имрӯза, декани факултети металлургия Раҳимзода Шукринисо дар мавзуи “Президент кафили истиқлол ва саодати миллат”, мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Ҷалолова Зуҳро дар мавзуи “Эҳтиром бар Президент-эҳиром бар муқаддасоти миллӣ”, ассистенти ҳамин кафедра Аминова Шоҳида дар мавзуи “Пешвои миллат рамзи саодат ва пешрафти Тоҷикистон”, донишҷӯи бахши якуми ихтисоси технология ва таҷҳизоти заргарӣ Эшов Зарафшон дар мавзуи “Президент ва ҷавонон: сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигарон маъруза намуданд.
Ҳамчунин, дар қисмати дуюми семинари мазкур барномаи рангини фарҳангӣ, баргузории бозиҳои зеҳнсанҷӣ сурат гирифта, суруду таронаҳои ватандӯстона ва дар васфи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзури ҳозирин гардонида шуд.
Ёдрас мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷии факултети металлургия баргузор карда шуд.
Шуъбаи иттилоот
