БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ ДАР КИТОБХОНАИ ИЛМӢ-ЭЛЕКТРОНИИ ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН

Бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар китобхонаи илмӣ-электронии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини декани факултети металлургия оид ба илм Қодирова Маҳина, муовини декани факултети электромеханика оид ба корҳои тарбиявӣ Анвар Саидов, корманди китобхонаи илмӣ -электронӣ Бобоҷонова М., корманди ҳамин китобхона Ахмедова Д. ва донишҷӯ оид ба нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, устуворгардии давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, низоми ҳуқуқии ҷомеа маъруза намуданд.
Таъкид карда шуд, ки арзишмандтарин сарвати ҳар як давлат инсон ва зиндагии шоистаи ӯ ба ҳисоб меравад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардидаанд ва ин меъёр нишон медиҳад, ки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат ба шумор меравад.
Ҳамин аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосӣ санади сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дониста мешавад.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба донишҷӯён моҳият, мақом ва манзалати Конститутсия дар шароити муосир ташреҳ дода шуд.
Шуъбаи иттилоот