Густариши равобити байналмилалӣ, тақвияти ҳамкориҳои илмӣ бо донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои хориҷӣ аз қисматҳои муҳими кор маҳсуб меёбад.
Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Давлатзода Давлат ба тариқи маҷозӣ бо роҳбарият ва донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи касбӣ-техникии захираҳо ва муҳити зисти Ланҷоуи Ҷумҳурии халқии Чин мулоқот намуданд.
Зимни, мулоқот ректори Донишкада бо ҳамтои чинии худ ректори Донишгоҳи касбӣ-техникии захираҳо ва муҳити зисти Ланҷоу Ван Янҷуан оид ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, густариши равобити байналмиллалӣ, амали намудани лоиҳаҳои якҷояи илмӣ, мубодилаи таҷрибаи педагогӣ, ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилотӣ, дастгирии донишҷӯёни тоҷики муқими Чин гуфтугӯ намуданд.
Ҳамзамон, дар мулоқоти онлайнӣ ректори Донишкада дотсент Давлатзода Давлат бо донишҷӯёни таҳсилкунанда тибқи барномаи “2+2” суҳбат намуда, пас аз ҳолпурсӣ бар онон ҷиҳати хубу аъло хондан, азхуд намудани касбу ҳунар, азбар намудани технологияҳои наву муосир ва риоя намудани қоидаҳои будубош дар кишвари мизбон, инчунин, ҳифзи арзишҳои милливу пок нигоҳ доштани мансубияти миллӣ машваратҳо доданд.
Дар мулоқоти онлайнӣ ҳамчунин, директори Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкада Сун Дамани, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадиев Акбархон, мудири кафедраи металлургия ва технологияи заргарӣ Раҳимзода Ҳаёт ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки айни замон 46 нафар донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бар асоси шартномаи дуҷониба, тибқи барномаи “2+2” дар Донишгоҳи касбӣ-техникии захираҳо ва муҳити зисти Ланҷоу таҳсил менамоянд.
Ёдрас мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз бонуфузтарин муассисаҳои олии таълимӣ дар кишвар маҳсуб ёфта, бо зиёда аз 69 донишгоҳу донишкадаҳои давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад.
Шуъбаи иттилоот



