НАШРИ КИТОБИ ОЛИМОНИ ДОНИШКАДА ТАҲТИ УНВОНИ “МЕТАЛЛУРГИЯИ МЕТАЛЛҲОИ ВАЗНИН”

Нашри адабиёти илмӣ ва дарсӣ яке аз масъалаҳои муҳими муассисаҳои олии таълимӣ маҳсуб меёбад. Роҳбарияти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо ҳайати профессорию омӯзгорӣ талош менамоянд, то дар ин самт корҳоро ҷоннок намоянд ва ҳамасола олимони Донишкада китобу дастурҳои зиёдеро ба табъ мерасонанд.
Инак дар пайи ин иқдом олимони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон китоби наверо таҳти унвони “Металлургияи метталҳои вазнин” ба табъ расониданд.
Китоби мазкур бо мақсади баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳои муҳандисиву техникӣ барои соҳаи саноати кишвар таҳия карда шудааст ва мавзуоти муҳими соҳавиро фаро мегирад. Китоби «Металлургияи металлҳои вазнин»- ро муаллифон аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мудири кафедраи металлургия ва технологияи заргарӣ номзади илмҳои техникӣ, дотсент Раҳимзода Ҳаёт Шифоқул, доктори илмҳои техникӣ, профессор Назаров Холмурод, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Осими Оқил ва номзади илмҳои техникӣ, дотсент Қодиров Абдурашид таҳия намудаанд, ки барои рушди соҳа ва ташаккули тафаккури нав дар насли ҷавон мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки асари мазкур ба масоили назариявӣ ва амалии металлургияи металлҳои вазнин, аз ҷумла сурб, руҳ, мис ва никел, ҳамчунин технологияҳои муосири коркарди ашёи хом ва истеҳсоли металлҳо бахшида шудааст.
Ин дастоварди нави илмӣ бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №17/15, ҳамчун китоби дарсӣ ба чоп тавсия дода шудааст.
Ёдрас мешавем, ки дар ин шабу рӯз нашри чунин адабиёти тахассусӣ дар ҷараёни омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи металлургия аҳамияти муҳим дорад.
Шуъбаи иттилоот