Имрӯз, тибқи дастури ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Давлатзода Давлат дар толори хурди факултети корҳои кӯҳӣ таҳти унвони “Терроризм ва экстремизм хатар бар насли башар” баргузор гардид. Дар чорабинии имрӯза, омӯзгорону донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.
Чорабниро декани факултети корҳои кӯҳӣ дотсент Маҳмудов Ҳасанбой ифтитоҳ намуда, дар мавзуи “Терроризм ва экстремизм аз падидаҳои номатлуб ва таҳдиди бар насли башар”, сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хаткунандагон Деҳқонов Дилшод дар мавзуи “Риояи қонун инсонро аз оқибатҳои ногувор наҷот медиҳад”, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон Насриддинов Шаҳбоз дар мавзуи “Зиёни гурӯҳу созмонҳои террористӣ бар ташаккули афкори насли ҷавон” ва омӯзгори кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок Каримова Мижгона дар мавзуи “Риояи одобу ахлоқ ҳусни инсон” маъруза намуда, оид ба оқибатҳои фоҷеаовари созмонҳои террористӣ-экстремистӣ, оқибати гароиш ба созмону ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии ҷавонон аз гумроҳшавӣ, истифодаи оқилонаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, риояи қоидаҳои донишҷӯӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, мутолиаи асарҳои бадеӣ, ширкат дар озмуну олимпиадаҳо нуктаҳои муҳимро изҳор доштанд.
Таъкид карда шуд, ки имрӯз барои омӯзишу таҳсили ҷавонон, азхуд намудани илмҳои муосир тамоми шароит фароҳам оварда шудааст ва ҷавононро зарур аст, ки илм омӯзанд, касбу ҳунар омӯзанд ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ масъулиятшинос бошанд ва маърифати баланди шаҳрвандӣ дошта бошанд, то барои рушди ватани азизамон саҳм гузошта тавонанд.
Қайд карда шуд, ки дар шароити феълӣ, ки бархӯрди тамаддунҳо, афзоиши созмону ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, гурӯҳҳои чапгаро ва гумроҳсозии насли ҷавон бо усулҳои муосир мушоҳида мешавад, насли ҷавонро зарур аст, ки бо илмҳои муосир худро мукаммал созад, то ҳадафи гурӯҳҳои ифротгаро нагарад. Ҳоло зарур аст, ки ҷавонон илм омӯзанд, забонҳои хориҷиро омӯзанд, ватандӯст бошанд ва дар ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошанду масъулиятшинос гарданд, то тавонанд дар оянда барои рушди ҷамъият саҳмгузошта ватани худро боз ҳам ободу зебо гардонанд.
Дар анҷоми чорабинӣ донишҷӯён ба маърузакунандагон суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Шуъбаи иттилоот


