Мулоқоти судманд: Ватандӯстӣ аз масъулиятшиносӣ оғоз мегардад

Имрӯз, тибқи дастури ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Давлатзода Давлат дар толори Шурои олимон чорабинии факултети электромеханика таҳти унвони “Ватандӯстӣ аз масъулиятшиносӣ оғоз мегардад” баргузор гардид. Дар чорабинии имрӯза омӯзгорону донишҷӯён фаъолона ширкат варзиданд. 

Чорабниро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мирзозода Воҳид ифтитоҳ намуда,  дар мавзуи “Истифодаи оқилонаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ камоли ҳушмандӣ “, ҳуқуқшиноси донишкада дар мавзуи “Пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои ифротӣ ва риояи қонунгузории кишвар дар шароити муосир”, муовини декани факултети электромеханика оид ба корҳои тарбиявӣ Анвар Саидов дар мавзуи “Хурофотпарастӣ амали нодуруст ва зиёновар бар ҷомеа” ва муовини декани факултети электромеханика оид ба илм ва инноватсия  Холова Фахриниссо  дар мавзуи “Дӯст доштани ватан қарзи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар як нафар мебошад” маъруза намуда, роҷеъ ба ҷаҳонишавӣ, ҷараёнҳои муосир, хатарҳои созмону гурӯҳҳои ифротиву террористӣ, истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ, риояи қоидаҳои донишҷӯӣ, илму донишандӯзӣ дар шароити феълӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва зарару зиёни хурофотпарастиву бетарафӣ нуктаҳои муҳимро таъкид намуданд.

Қайд карда шуд, ки имрӯз бо ғамхориву дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон рӯз аз рӯз рушду тараққӣ намуда, дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври олӣ муаррифӣ гардид ва аз насли ҷавон феълан тақозо карда мешавад, ки хубу аъло хонанд, хештаншинос бошанду масъулиятшинос…

Таъкид карда шуд, ки дар шароити феълӣ насли ҷавон бояд хубу аъло хонад, забонҳои хориҷиро омӯзад ва дар ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми арзишманди хешро бигузорад, ватанашро дӯст дорад ва барои ҳифзи ин сарзамини муқаддаст ҷонфидо бошад.

Дар фарҷом, байни маърузакунандагон ва донишҷӯён  мукотиба сурат гирифта, донишҷӯён ба суолҳои хеш посухҳои мушаххас гирифтанд.

Шуъбаи иттилоот