Дар тули 35-соли истиқлолият нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз самтҳои асосии иқтисодиёт табдил ёфта, ҳаҷми боркашонӣ ва мусофиркашонӣ якчанд маротиба афзоиш ёфтааст.
Соли 1991, дар оғози истиқлолият, Тоҷикистон бо мероси инфрасохтори нақлиётии маҳдуд, роҳҳои фарсуда ва паркҳои нақлиётии кӯҳна рӯбарӯ шуд. Дар он давра ҳаҷми боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ тақрибан 22,8 миллион тонна ва мусофиркашонӣ 144,7 миллион нафарро ташкил медод. Инфрасохтори роҳҳо асосан дар давраи Шӯравӣ сохта шуда буд ва ба талаботи нави иқтисодӣ ҷавобгӯ набуд.
Дар тӯли 35 сол ҳаҷми боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ аз 22,8 миллион тонна дар соли 1991 ба 58,7 миллион тонна дар соли 2025 расид, ки афзоиши 2,6 баробарро нишон медиҳад. Ҳаҷми мусофиркашонӣ низ аз 144,7 миллион нафар ба 311,4 миллион нафар афзоиш ёфт, яъне 2,2 баробар зиёд шуд.
Соли 2025 бо нақлиёти автомобилӣ 147,4 миллион тонна бор кашонида шуд, ки 95,2 фоизи ҳаҷми умумии боркашонии ҳамаи намудҳои нақлиётро ташкил медиҳад.
Дар солҳои истиқлолият сохтмон ва таҷдиди роҳҳои асосӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Роҳҳои муҳими байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз қабили Душанбе–Чаноқ, Душанбе–Кӯлоб, Душанбе–Хуҷанд ва дигар самтҳо сохта ва ба истифода дода шуданд. Ҳоло дарозии умумии роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан 13 968 километрро ташкил медиҳад. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ аз соли 1992 то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2830,18 км роҳҳои автомобилгард, 5 нақби автомобилгузар ва 405 пули мошингузар бо дарозии умумии 14218,5 метр дар умум сохтмон, азнавсозӣ ва таҷдид шудаанд.
Соли 2025 дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ 236 километр роҳҳои автомобилгард ва иншооти роҳу нақлиёт тибқи стандартҳои байналмилалӣ ба маблағи 5,4 миллиард сомонӣ сохта шуданд. Дар айни замон 16 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 11,3 миллиард сомонӣ амалӣ карда мешавад. Барои соли 2026 сохтмон ва таҷдиди 300 километри роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ба маблағи 3 миллиард сомонӣ дар назар дошта шудааст.
Дар роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон 5 нақби асосӣ фаъолият мекунанд, ки умуман беш аз 18 километр дарозиро ташкил дода, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ бунёд шудаанд. Ин нақбҳо ҳаракати нақлиётро дар байни минтақаҳои кишвар дар давоми сол (ҳатто дар зимистон) таъмин менамоянд.Нишондиҳандаҳои асосии нақбҳои автомобилии Тоҷикистон дар ҷадвали зерин оварда шудаанд:
Маълумот оид ба миқдори автомобилҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дар давраи солҳои 2020-2025
Номи нақб
Номгӯи хатсайр
Дарозӣ
Соли кушодашавӣ
Шаҳристон
Душанбе — Хуҷанд — Чаноқ
5 253 метр
Соли 2012
Истиқлол (собиқ Анзоб)
Душанбе — Хуҷанд — Чаноқ
5 000 метр
Соли 2006
Хатлон (собиқ Чормағзак)
Душанбе — Кӯлоб (тавассути Данғара)
4 430 метр
Соли 2013
Озодӣ (собиқ Шар-Шар)
Душанбе — Кӯлоб
2 224 метр
Соли 2009
Дӯстӣ
Душанбе — Хуҷанд — Чаноқ (Майхӯра)
900 метр
Соли 2006
Номгӯи воситаҳои нақлиёт
Солҳо
2020
2022
2023
2024
2025
Миқдори умумии автомобилҳо, аз он ҷумла
507361
527332
604136
666074
701231
сабукрав
444905
463939
524045
587074
606296
боркаш
40869
42145
51781
52362
53967
мусофиркашон
15811
15515
16491
16554
16520
ядак
2106
2002
4246
5167
нимядак
327
320
847
846
Ин рушд ба беҳтар шудани пайвастагии минтақаҳо, осон шудани равуои мардум, густариши тиҷорат ва ҷалби сармоягузорӣ мусоидат кард. Пайваст гардидани ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ тавассути роҳҳои замонавии автомобилгард робитаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро таҳким бахшид.
Барои баланд шудани самаранокии кори автомобилҳои боркаш ва рақобатпазирии он дар бозори хизматҳои нақлиётӣ инҳо мусоидат мекунанд:
– пурра кардани парки автомобилҳои боркаш, ки ба онҳо дар бозори хизматҳои нақлиётӣ чӣ мувофиқи сохти кузов (худборфурорҳо, каппадорҳо, рефрижераторҳо) ва чӣ мувофиқи борбардорӣ (то 3 т ва зиёда аз 15 т) талаботи зиёд доданд, ик орро дар асоси ҷорӣ кардани системаи лизинги барои интиқолдиҳанда мусоид анҷом дода зарур аст;
– босуботии арзиши сӯзишвории моторӣ;
– рушди ширкатҳои нақлиётӣ-экспедитсионӣ ва биржаҳои нақлиётӣ, ки ҷустуҷӯи мизоҷон, пешниҳоди хизматҳои иловагие, ки бо коркарди терминалии борҳо алоқаманд мебошанд, сабук мегардонанд;
– бо мақсади таъмин кардани рақобатпазирии бовиҷдонона ҷорӣ кардани шакли якхелакардашудаи ҳуҷҷатҳои ибтидоии ҳамлу нақл барои тамоми субъектҳои бозори хизматҳои нақлиётӣ, инчунин системаи таъсиррасони назорати истифодаи онҳо аз ҷониби мақомҳом ваколатдори идоракунӣ ва танзими давлатӣ;
– муҳайё кардани шароитҳое, ки интиқолдиҳандаро барои таъмин кардани кори бехатари нақлиёти автомобилии боркаш аз нуқтаи назари бехатарии ҳаракат дар роҳ, бехатарии муносибатҳои шартномавӣ бо тамоми иштирокчиёни раванди нақлиёт, экология ва ғ. ҳавасманд мегардонад.
Хулоса, хар 35 соли мустақилият нақлиёти автомобилӣ дар Тоҷикистон марҳилаи бузурги рушдро паси сар кард: ҳаҷми боркашонӣ 2,6 баробар, мусофиркашонӣ 2,2 баробар афзоиш ёфт ва шумораи корхонаҳои нақлиётӣ 7 баробар зиёд шуд. Инфрасохтори роҳҳо тавсеа ёфта, сатҳи хизматрасонӣ беҳтар гардид ва нақлиёти автомобилӣ ба муҳаррики асосии иқтисодиёти кишвар табдил ёфт.
Бобоев Р.М. – н.и.т., дотсент, мудири кафедраи нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
