ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ- ВОЛОТАРИН ДАСТОВАРДИ ТАЪРИХИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар миллат волотарин дастоварди таърихӣ, асоси давлатдории миллӣ ва заминаи муҳими худшиносии мардум ба ҳисоб меравад. Барои миллати тоҷик, ки дорои таъриху фарҳанги чандинҳазорсола ва таҷрибаи ғании давлатдорӣ мебошад, соҳибистиқлолӣ маънои ба даст овардани имкони мустақилона муайян кардани самти рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро дорад. Истиқлолият ба мардуми кишвар шароити мусоид фароҳам овард, ки дар заминаи арзишҳои миллӣ, манфиатҳои давлат ва ҳадафҳои созанда ҷомеаи муосирро бунёд намояд ва дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр мавқеи худро муайян кунад.
Имрӯз мардуми Тоҷикистон 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ таҷлил менамояд. Ин санна барои ҷомеаи Тоҷикистон фурсати муҳимест, то роҳи тайкардаи давлатро аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ то марҳалаи кунунӣ бознигарӣ карда, дастовардҳо, мушкилоти паси саршуда ва вазифаҳои дар пешистодаро мавриди таҳлил қарор диҳад. Зеро арзиши истиқлолият дар натиҷаҳои воқеии зиндагии ҷомеа, устувории давлат, рушди иқтисод, болоравии сатҳи маърифати мардум ва масъулияти шаҳрвандон дар назди ояндаи кишвар ифода меёбад.
Солҳои аввали истиқлол барои Тоҷикистон давраи ниҳоят мураккаб ва пуртазод буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳаёти мардум зарари ҷиддӣ расонида, иқтисоди кишварро заиф гардонд, фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва иҷтимоиро халалдор намуд ва ба амнияти давлату ҷомеа таҳдидҳои ҷиддӣ эҷод кард. Дар чунин шароит масъалаи ҳифзи давлатдорӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, муттаҳидсозии ҷомеа ва фароҳам овардани заминаҳои сулҳу субот ба вазифаи аввалиндараҷа табдил ёфт. Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дар таърихи давлатдории навини кишвар мавқеи муҳим дорад. Қарорҳои иҷлосия ба барқарорсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, таҳкими қонуният ва фароҳам овардани заминаҳои сиёсӣ барои барқарор намудани сулҳу субот мусоидат карданд. Дар идомаи ин раванд ташаккули низоми давлатдории муосир ва муайян намудани асосҳои ҳуқуқии ҷомеаи соҳибистиқлол аҳаммияти хос пайдо намуд.
Интихоби роҳи сохтмони давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҳамчун самти асосии давлатсозӣ барои муайян намудани заминаҳои ҳуқуқиву сиёсии рушди Тоҷикистон нақши муҳим гузошт. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 яке аз рӯйдодҳои калидии ин марҳала ба шумор меравад. Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ асосҳои сохтори давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, муносибатҳои байни давлат ва ҷомеа ва самтҳои муҳими рушди кишварро муайян намуд.
Дар баробари ташаккули заминаҳои ҳуқуқии давлатдорӣ, барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон аҳаммияти сарнавиштсоз дошт. Бозгашти гурезаҳо ба Ватан, оғози раванди оштии миллӣ ва барқарор гардидани фазои эътимоду ҳамдигарфаҳмӣ имкон фароҳам овард, ки ҷомеа аз марҳалаи буҳронӣ тадриҷан берун омада, ба роҳи барқарорсозӣ ва рушди устувор гузарад. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар заминаи таҳлили равандҳои сулҳсозӣ ҳамчун таҷрибаи муҳими ҳалли мусолиматомези низоъ мавриди омӯзиши муҳаққиқон ва созмонҳои байналмилалӣ қарор гирифтааст. Сулҳу ваҳдат барои Тоҷикистон танҳо натиҷаи бартараф шудани низоъи дохилӣ набуд. Он заминаи муҳим барои оғоз намудани марҳалаи нави давлатсозӣ, рушди иқтисодӣ, таҳкими муносибатҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани нақши кишвар дар арсаи байналмилалӣ гардид. Вақте ҷомеа ба муҳити нисбатан устувори сиёсӣ расид, имкони бештар барои татбиқи барномаҳои дарозмуддати иқтисодиву иҷтимоӣ ва сохтмони иншооти муҳими давлатӣ фароҳам омад.
Истиқлолияти давлатӣ дар шароити муосир бо соҳибихтиёрии сиёсӣ маҳдуд намешавад. Давлати соҳибистиқлол бояд дорои иқтисоди устувор, инфрасохтори рушдёфта, неруи инсонӣ, низоми самараноки идоракунӣ ва имкониятҳои васеи истеҳсолӣ бошад. Аз ин нуқтаи назар, 35 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистонро метавон давраи тадриҷии барқарорсозӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, ташаккули инфрасохтори миллӣ ва гузариш ба марҳалаҳои нави рушди иқтисодиву иҷтимоӣ арзёбӣ намуд. Дар солҳои нахустини истиқлол масъалаи бартараф намудани оқибатҳои буҳрони иқтисодӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар мадди аввал қарор дошт. Бо таҳкими суботи сиёсӣ тадриҷан имконият барои татбиқи барномаҳои рушди иқтисодӣ бештар гардид. Тибқи маълумоти оморӣ, маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар аз 1,8 миллиард сомонӣ дар соли 2000 ба 177 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расидааст. Афзоиши ҳаҷми иқтисоди миллӣ имкониятҳои давлатро барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва рушди инфрасохтор васеъ намуд. Дар ин раванд ташаккул ва рушди бахши хусусӣ низ аҳаммияти хос пайдо кард. Фаъолияти соҳибкорон дар ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва тиҷорат, бунёди иншооти иҷтимоӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ба рушди иқтисоди маҳаллӣ ва миллӣ таъсир расонд. Ҳамзамон, барои марҳалаи минбаъдаи рушди кишвар масъалаи баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, истифодаи технологияҳои муосир, рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва зиёд намудани иқтидори содиротӣ аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Дар ин замина, саноатикунонии босуръат аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад. Афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ ва васеъ гардидани номгӯи маҳсулоти саноатӣ барои диверсификатсияи иқтисоди миллӣ замина фароҳам меорад. Барои Тоҷикистон, ки солҳои зиёд ба воридоти як қисми маҳсулоти ниёзи бозор вобастагӣ дошт, рушди истеҳсолоти дохилӣ имкони баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисод, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва васеъ намудани имкониятҳои содиротиро фароҳам месозад. Дар ин раванд тарбияи кадрҳои соҳибкасб, рушди илмҳои техникӣ ва истифодаи технологияҳои нав аҳаммияти бештар касб менамояд.
Бартараф намудани бунбасти коммуникатсионӣ низ дар даврони истиқлол ба яке аз самтҳои калидии рушди инфрасохтор табдил ёфт. Сохтмони роҳҳо, нақбҳо ва пулҳо барои беҳтар гардидани робитаи байни минтақаҳои кишвар, осон шудани ҳаракати нақлиёт ва густариши муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ шароит фароҳам овард. Барои Тоҷикистон, ки дорои релефи мураккаб ва мавқеи хоси ҷуғрофӣ мебошад, рушди инфрасохтори нақлиётӣ аҳаммияти стратегӣ дорад. Имрӯз идомаи рушди роҳу нақлиётро метавон дар иртибот бо густариши робитаҳои тиҷоратӣ, рушди иқтисоди минтақаҳо ва истифодаи имкониятҳои транзитии кишвар баррасӣ намуд. Роҳҳои босифат ва инфрасохтори муосири нақлиётӣ барои дастрасии истеҳсолкунандагон ба бозорҳо, рушди сайёҳӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа заминаи муҳим фароҳам меоранд.
Рушди иқтисодӣ, дар навбати худ, бе рушди сармояи инсонӣ устувор буда наметавонад. Аз ин рӯ, дар марҳалаи минбаъдаи рушди Тоҷикистон масъалаҳои илму маориф, тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб, рушди касбу ҳунар, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсил аҳаммияти махсус пайдо мекунанд. Иқтисоди муосир ба мутахассисоне ниёз дорад, ки дорои донишҳои замонавӣ, малакаҳои касбӣ, қобилияти таҳлил ва омодагӣ ба навоварӣ бошанд. Дар чунин шароит сармоягузорӣ ба инсон яке аз омилҳои асосии рушди дарозмуддати кишвар ба ҳисоб меравад. Дар баробари иқтисод, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди фарҳанг низ аз вазифаҳои муҳими давлати соҳибистиқлол мебошад. Забони давлатӣ, таъриху фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва мероси маънавии халқ заминаҳои муҳими худшиносии миллӣ ба ҳисоб мераванд. Арҷгузорӣ ба ин арзишҳо бояд бо эҳтиром ба гуногунандешӣ, қонун ва принсипҳои ҷомеаи муосир пайваста бошад. Насле, ки таърих ва фарҳанги худро хуб медонад, метавонад нисбат ба ояндаи давлат масъулияти бештар дошта бошад.
Дар зарфи 35 соли истиқлол Тоҷикистон марҳалаҳои гуногуни давлатсозӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодиро паси сар кард. Аз барқарорсозии сохторҳои давлатӣ ва иқтисоди осебдида то татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, рушди саноат, энергетика, маориф ва соҳаҳои иҷтимоӣ роҳи тайшуда фарогири тағйироти муҳим мебошад. Ҳамзамон, рушди устувор равандест, ки пайваста арзёбӣ ва такмилро талаб мекунад. Таҷрибаи сеюним даҳсолаи соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бо суботи сиёсӣ, қонуният, масъулияти шаҳрвандӣ ва истифодаи оқилонаи имкониятҳои миллӣ робитаи мустақим дорад. Ҳадафҳои рушди Тоҷикистон дар даҳсолаҳои оянда ба бунёди иқтисоди муосир, баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолот, рушди технологияҳои сабз, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, таҳкими илму маориф, рушди сармояи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати зиндагии мардум вобастагии зиёд доранд. Барои расидан ба ин ҳадафҳо фаъолияти муттасили ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳибкорон, аҳли илм ва маориф, ҷавонон ва ҳар шаҳрванди кишвар зарур мебошад.
Дар маҷмуъ, истиқлолият мафҳуми ҳуқуқӣ ва сиёсӣ буда, масъулияти бузурги шаҳрвандиро низ ба миён меорад. Давлат бо фаъолияти мақомоти давлатӣ ва санадҳои ҳуқуқӣ бунёд мегардад, аммо устувории он аз муносибати шаҳрвандон ба қонун, меҳнат, таҳсил, муҳити зист, арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои ҷомеа низ вобаста аст. Меҳнати ҳалол, донишандӯзӣ, масъулиятшиносӣ, эҳтироми қонун ва саҳм гузоштан дар ободии маҳалли зисту кишвар шаклҳои воқеии арҷгузорӣ ба истиқлолият мебошанд. 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд барои ҳар шаҳрванд имкони бознигарии роҳи тайшуда ва муайян намудани масъулияти худ дар назди оянда бошад. Насли имрӯз мероси давлатдории соҳибистиқлолро ба наслҳои баъдӣ мегузорад. Аз ин рӯ, ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва нигоҳдории арзишҳои миллӣ вазифаи умумии ҷомеа мебошад. Ояндаи Тоҷикистон аз он вобаста аст, ки ҳар насл аз имкониятҳои истиқлол чӣ гуна истифода мебарад ва барои таҳкими давлату ҷомеа чӣ саҳм мегузорад.
Кенҷаев УМЕДҶОН
омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон